Моро Оҷонсии рейтингии Moody's арзёбӣ мекунад
13.10.2020

Моро Оҷонсии рейтингии Moody's арзёбӣ мекунад

Сарфи назар аз вазъи пандемияи ҷаҳонӣ ва таъсири манфии он ба иқтисод, Бонки Эсхата минбаъд низ устуворона пеш меравад. Инро рейтинги навбатии “B3” аз оҷонсии рейтингии мустақили Moody's Investors Service тасдиқ кард.

Бонкҳо бо рейтинги "B" устувории молиявӣ ва эътимоднокии баланд доранд.

Рейтинг эътибори бонуфуз, имиҷ ва бренди рушдёфта, нишондиҳандаҳои молиявии қаноатбахш, аз ҷумла сифати дороиҳо, пардохтпазирӣ ва даромаднокиро инъикос мекунад.

Агар бонк рейтинги байналмилалӣ дошта бошад, пас он фаъолияти кушод ва шаффоф дорад.

Рейтинги В3 метавонад сабаби аз ҷониби мизоҷон интихоб кардани Бонки Эсхата ҳамчун шарики боэътимоди молиявӣ гардад.

Маълумоти бештар дар бораи рейтингҳои бонкӣ: http://eskhata.com/about/bank/banks_rating.php 


Маълумотнома: Оҷонсии рейтингии Moody's Investors Service дар соҳаи бонкӣ дар саросари ҷаҳон мавқеъ ва нуфузи аз ҳама калон дорад. Рейтинги оҷонсӣ – ин ақидаи таҳлилгарон дар асоси баҳодиҳии фаъолияти бонк ва маълумоти иловагӣ мебошад.


Возврат к списку

ба боло