ҶСК “Бонки Эсхата” Маҷлиси умумии саҳомонро эълон менамояд
08.10.2020

ҶСК “Бонки Эсхата” Маҷлиси умумии саҳомонро эълон менамояд

ҶСК “Бонки Эсхата” ба маълумоти саҳмдорони Бонк мерасонад, ки санаи 02 ноябри соли 2020, соати 14:00, Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорон баргузор мегардад. 
Шакли гузаронидани маҷлис-рӯ ба рӯ, макони гузаронидани маҷлис- бинои Сарбонк, суроға ш.Хуҷанд, к.Гагарин 135, усули гузаронидани маҷлис - ҳузури шахсӣ ё фосилавӣ, тавассути барномаи Zoom.
Санаи тартиб додани рӯйхати шахсоне, ки барои иштирок дар Маҷлиси умумии саҳмдорони ҶСК «Бонки Эсхата» ҳуқуқ доранд - 02.10.2020с.

Рӯзномаи маҷлис:

1. Интихоби раискунандаи маҷлис ва эълони кворум барои гузаронидани  маҷлиси саҳмдорон;
2. Баррасӣ ва тасдиқи ҳисоботи солонаи аудитории ҶСК “Бонки Эсхата” барои соли 2019;
3. Баррасӣ ва тасдиқи Оинномаи Бонк дар таҳири нав;
4. Баррасӣ ва тасдиқи Сиёсат оид ба суди саҳмияи ҶСК “Бонки Эсхата”;
5. Баррасӣ ва тасдиқи Низомнома дар бораи Шӯрои нозирони ҶСК “Бонки Эсхата” дар таҳири нав;
6. Баррасӣ  ва тасдиқи Низомнома оид ба подошпулии аъзоёни Шӯрои нозирони Бонк.

Саволҳои худро ба Котиби корпоративӣ Суванова Фарангис бо рақами  92 798 66 99 ё тариқи суроғаи

 электронии CorporateSecretary@eskhata.tj  метавонед пешниҳод намоед.



Возврат к списку

ба боло