Созмони Ҷаҳонии Тандурусти: Чаро ва чӣ тавр бояд аз тамокукашӣ даст кашид?
02.10.2020

Созмони Ҷаҳонии Тандурусти: Чаро ва чӣ тавр бояд аз тамокукашӣ даст кашид?

Тамокукашон хатари гирифторшавӣ ба коронавирусро зиёдтар доранд, зеро онҳо доимо ба лабони худ бо ангуштон мерасанд. Ҳангоми сироят шудан ба коронавирус, онҳо хавфи пайдоиши шакли шадиди бемориро доранд, зеро тамокукашӣ функсияи шушро бозмедорад.
Барои кам кардани ин хатарҳо ба ҳаёти солим шурӯъ кардан лозим аст. Тавсия медиҳем, ки ҳарчи зудтар аз тамокукашӣ даст кашед.

Чӣ гуна? Маслиҳатҳои мо бароятон кумак хоҳанд расонд:

1. Лаҳзаи тамокукаширо кашол диҳед: то ҳадди имкон ба одати бад дода нашавед. 
2. Ҷуқур нафас кашед: 10 бор нафаси чуқур кунед, то ҳавас ба тамокукашӣ шуморо тарк кунад. 
3. Об нӯшед: Об як алтернативаи солим ба сигор мебошад. 
4. Кӯшиш кунед, ки худро ба дигар машғулиятҳо банд намоед: душ гиред, хонед, сайр кунед, мусиқӣ гӯш кунед! 
5. Бо одамоне, ки аз тамокукаши дур шуданд, сӯҳбат кунед. Таҷриба ва маслиҳатҳои онҳо ба шумо дар ин қадами муҳим кӯмак мекунанд.

Ҳамеша саломатии худро эҳтиет кунед! 

Сарчашма www.who.int/ru



Возврат к списку

ба боло