Ҳар як корманди бонк худро узви як оилаи калон ва дӯстона ҳис мекунад!
01.10.2020

Ҳар як корманди бонк худро узви як оилаи калон ва дӯстона ҳис мекунад!

ҶСК “Бонки Эсхата” як оилаи калон аст, ки дар он кормандон худро ҳамчун иштирокчии фаъоли ҳама равандҳо ҳис мекунанд. Вақте ки дар бонк дастовардҳо ва муваффақиятҳои нав ба амал меоянд, кормандон медонанд, ки онҳо саҳмугзор ҳастанд, зеро ин натиҷаи кори дастаҷамъона мебошад.

«Дар асоси натиҷаҳои мусоҳиба ва пурсишҳо мо бо итминон гуфта метавонем, ки беш аз 80% кормандони бонк аз он ифтихор доранд, ки дар Бонки Эсхата фаъолият мебаранд. Инчунин довталабоне, ки мехоҳанд Бонки Эсхата-ро ҳамчун корфармо бинанд ва ҳатто кӯшиш менамоянд, ки дар озмуни қабули корманд дубора иштирок намоянд, албатта дар ҳолате агар онҳо қабл аз ин аз марҳилаи интихоби корманд нагузашта бошанд. Танҳо дар 9 моҳи соли 2020, мо зиёда аз 1100 анкетаҳои довталабонро дида баромадем. Аз рӯи натиҷаҳои марҳилаҳои интихобӣ беҳтаринҳо созовори ҷои корӣ дар Бонки Эсхата мегараданд. Пас аз гузаштани давраи санҷишӣ онҳо узви комилҳуқуқи оидаи дӯстонаи мо мешаванд "- гуфт Нодира Ҳалимова, сардори шӯъбаи кор бо кормандони ҶСК" Бонки Эсхата ".

Ҳангоми интихоби кадрҳо, бонк ба ҷавонони бомақсад, серғайрат, меҳнатдӯст ва ташаббускор афзалият медиҳад. Инчунин афзалият ба бонувоне, ки ба талаботҳои вазифаи эълоншуда ҷавобгӯ мебошанд, дода мешавад.

Ҳар як корманди бонк имконият дорад, ки ба мартабаи баланд ноил гардад. Барои ин, шуморо лозим аст, ки хуб фаъолият намоед, доимо ба худинкишофёбӣ машғул шавед ва маҳорату кордонии худро нишон диҳед.

«Мо барномаҳои омӯзиши кадрҳоро барои категорияҳои гуногуни мутахассисон бомуваффақият татбиқ карда истодаем. Маслан, барои рушди менеҷменти миёна, мо барномаи захиравии кадрҳоро истифода мебарем, TOP-менеҷмент барои аз худ кардани дониш ва малакаҳои муосир аз курсҳои гуногуни байналхалқӣ истифода мебаранд, дар мубодилаи таҷрибаҳо фаъолона ширкат меварзанд.

Тавре ки маълум аст, барои он ки ширкат рақобатпазир боқӣ монад ва ба бозори босуръат рушдёбанда мувофиқат кунад, кормандон низ бояд доимо рушд кунанд. Аз ин рӯ, қисми рушди кормандони бонк ба масъалаҳои таълиму омӯзиш диққати махсус медиҳанд ”, - гуфт Малика Алимбоева, роҳбари кисми рушди кормандони бонк.

Кормандони бонк шахсони ҳамфикру ҳаводорони муваффақияти бонк мебошанд. Дар навбати худ, ҳисси муттаҳидӣ, садоқати кормандон ва дурнамои ягонаи ҳадафу вазифаҳо барои афзоиши шумораи кадрҳои салоҳиятдор шароити хуб фароҳам меорад. Кормандон имконият пайдо мекунанд, ки истеъдоди худро ошкор намуда, маҳорати худро нишон диҳанд ва барои ин мукофотҳои моддӣ ва ғайримоддӣ гиранд. Чист беҳтар аз он ки бо хушнудии зиёд ба кор омада, эҳсос намоед, ки меҳнати шумо қадр карда мешавад ва ҳатто худро ҳамчун узви як оилаи бузурги дӯстона ҳис намоед!



Возврат к списку

ба боло