Ба диққати мизоҷон – шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ!
22.09.2020

Ба диққати мизоҷон – шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ!

ҶСК «Бонки Эсхата» ба маълумоти Шумо мерасонад, ки мувофиқи тағиротҳои воридгашта ба банди 5-уми Тарофаи бонк барои хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, зербанди 5.3 «Амалиётҳо бо пули миллӣ» оиди пардохти пулҳои нақд аз суратҳисоби мизоҷони бонк аз санаи 30.09.2020 сол ба андозаи 1% муқаррар шудааст.

Инчунин мувофиқи тағиротҳои воридгашта ба банди 8-уми Тарофаи бонк барои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, зербанди 8.7.4 «Амалиётҳо бо кортҳои пардохтии бонкӣ» барои хизматрасонии гузаронидани маблағи музди меҳнат ба суратҳисоби кортӣ аз маблағи умумӣ (вобаста ба лоиҳаи музди меҳнат) аз санаи 30.09.2020 сол ба андозаи 0,6% муқаррар карда шудааст.

ҶСК «Бонки Эсхата»



Возврат к списку

ба боло