Кафолати пардохтии бонк чист ва кӣ онро истифода мебарад?
21.09.2020

Кафолати пардохтии бонк чист ва кӣ онро истифода мебарад?

Аз бахши "Маърифатнокии молиявӣ"

Соҳибкорон аксар вақт аз кафолати бонкӣ истифода мебаранд. Масалан, як истеҳсолкунандаи равғани растанӣ мехоҳад тухми рапс бихарад. Истеҳсолкунанда танҳо пас аз баровардани маҳсулоташ ба фурӯш метавонад пули ашёи хомро пардохт намояд. Аз ин рӯ, истеҳсолкунанда аз таъминкунандаи ашёи хом хоҳиш мекунад, ки пардохтро ақибандозӣ намояд. Барои ба даст овардани розигии молрасон барои интиқоли ашёи хом истеҳсолкунанда аз бонк кафолат мепурсад. Тибқи шартҳои кафолат, бонк қарзи истеҳсолкунандаро пардохт мекунад, агар вай дар мӯҳлати мувофиқа карда шуда пулро барои ашёи хом интиқол надиҳад.

Кафолати бонкии пардохт воситаи молиявиест, ки тарафҳо шартҳои созишномаро ба ҳамдигар таъмин намуда, аз хавфҳо эмин мебошанд.  Ба ибораи содда, ин ҳуҷҷатест, ки мувофиқи он ҳамаи тарафҳои шартнома ваъдаҳои худро иҷро мекунанд.

Дар раванди таҳияи ин санад, се субъект ба назар мерасад:

Кафил - онест, ки кафолат медиҳад: як муассисаи бонкӣ ё муассисаи молиявие, ки ҳангоми фароҳам омадани шароити мувофиқ як қисми масъулияти молиявиро бар дӯш мегирад.

Принсипал - (харидор, воридкунанда) тибқи шартномаи тиҷоратӣ иҷрокунанда мебошад, ки дар сурати пайдо шудани хавфҳо, вай метавонад дар назди муштарӣ қарздор боқӣ монад.

Бенефитсиар - (фурӯшанда, содиркунанда) - муштарӣ дар аҳдномаи тиҷоратӣ, ки манфиатҳояш ба хатар дучор омада, бо кафолати бонкӣ ҳифз карда мешаванд.



Возврат к списку

ба боло