Дастаи «Ашт - Мастчоҳ» - чемпиони мусобиқа оид ба футбол!
16.09.2020

Дастаи «Ашт - Мастчоҳ» - чемпиони мусобиқа оид ба футбол!

Чуноне, ки то ба имруз пайгирӣ намудед, рӯзи якшанбеи гузашта давраи финалии Мусобиқа оид ба футболи хурд, байни филиалҳои вилояти Суғд, бахшида ба 29-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикстон баргузор гардид.

Ин навбат унвони Чемпиони мусобиқа ба дастаи «Ашт-Мастчоҳ» муяссар гардид, ки аҳли бозингарони ин дастаро самимона табрику муборакбод менамоем.

Чуноне, ки сармураббии Эсхата Ниезали Бобохонов иброз дошт, ҳар як бозии мусобиқа, бахусус марҳилаи нимфиналӣ ва финалии он бисер пуршиддат гузашт. Тайёрӣ ва маҳорати футболбозони дастаҳо дар сатҳи баланд буд. Дар натиҷа дастаҳои пурзӯртарин ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифта, аз ҳама беҳтаринҳо сазвори ҷойҳои намоен гардиданд!

  • Ҷои якум  - дастаи «Ашт - Мастчоҳ»
  • Ҷои дуюм – дастаи «Хуҷанд»
  • Ҷои сеюм – дастаи «Истаравшан»

Чун анъана, дар ҷамъбасти мусобиқа дастаи чемпион бо ҷоми мусобиқа, ифтихорнома ва мукофотпулӣ, ду дастаи дигари ғолиб (ҷои 2-юм ва 3-юм) бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ ва бозингарони беҳтарин низ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

  • Дарвозабони беҳтарин –Музафаров Зоир аз филиали Ашт
  • Муҳофизатгари беҳтарин  - Сидиқов Далер аз филиали Хуҷанд
  • Ниммуҳофизатгари беҳтарин – Фозилов Хусрав аз филиали Истаравшан
  • Ҳамлагари беҳтарин – Қобилов Ихтиёр аз филиали Мастчоҳ
  • Нишонзани беҳтарин – Хусаинов Аъзам аз филиали Истаравшан

Ҷоиза ва ифтихорномаҳо аз ҷониби саҳомон, сардорони департаментҳо ва директорони филиалҳо супорида шуданд.

Бори дигар чемпиони мусобиқа – дастаи «Ашт -Мастчоҳ»-ро бо ғолибият муборакбод менамоем!

Офарин!!! Ҳамеша ба пеш!

 


Возврат к списку

ба боло