Оё шумо донишҷӯи соли охир ҳастед ва орзу доред, ки дар як бонки калону устувор фаъолият намоед?
07.09.2020

Оё шумо донишҷӯи соли охир ҳастед ва орзу доред, ки дар як бонки калону устувор фаъолият намоед?

Бонки Эсхата имконият фароҳам меорад, ки қадамҳои аввалинро дар самти амалӣ кардани орзуҳои худ гузоред! Узви як барномаи махсуси омӯзишӣ барои мутахассисони ҷавони бонк шавед, ки "Ман бонкдор ҳастам" ном дорад.

Хатмкардагони донишгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар, магистрҳо, инчунин онҳое, ки донишгоҳро ба наздикӣ хатм кардаанд, метавонанд варақаи довталабии худро барои иштирок дар барномаи "Ман бонкдор ҳастам" ба суроғаи ш.Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, хиёбони Рӯдакӣ 22 ё тавассути почтаи электронии job@eskhata.tj фиристанд. 

Барнома барои донишҷӯёни макотиби олӣ, бахши бонкӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар пешбинӣ шудааст, ки минбаъд дар ҶСК "Бонки Эсхата" ба кор қабул карда мешавад. 

Дар доираи ин барнома, презентатсияҳои муқаддимавӣ дар якчанд донишгоҳҳои шаҳри Душанбе баргузор гардиданд: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи русӣ - тоҷикӣ (славянӣ) ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. 

Варақаи довталабиро аз ин ҷо пайдо кардан мумкин аст: http://eskhata.com/about/vacancies.php

Муҳлати қабули варақаҳо санаи 11.09.2020 мебошад. 

Маълумоти иловагӣ бо телефони: +992 90 912 77 44.



Возврат к списку

ба боло