Иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
08.09.2020

Иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Ҳамватанони азиз!

Бо камоли эҳтиром, Шуморо бо 29-умин солгарди истиқлолияти Ватани азизамон -Тоҷикистон табрик мегӯем. Ба Шумо саломатии бардавом, сарбаландӣ, дар ҳама корҳоятон муваффақият ва осмони осоиштаро таманно дорем!

Дар тӯли солҳои истиқлолияти худ Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни саноат ба қуллаҳои баланд расида, муҳимтар аз ҳама, дар арсаи ҷаҳонӣ эътимоди кишварҳои пешрафтаро ба даст овард

Мо аз самими қалб ба ҳар як шаҳрванди кишвар беҳбудӣ, шукуфоӣ ва ба Ватани мо дар тамоми соҳаҳои фаъолият мустаҳкамӣ орзу менамоем!

Ид муборак!


Возврат к списку

ба боло