Ғолибони даври якуми иқдоми «Ҳамқадами замон»  муайян шуданд - ва ин танҳо ибтидо аст!
31.08.2020

Ғолибони даври якуми иқдоми «Ҳамқадами замон» муайян шуданд - ва ин танҳо ибтидо аст!

Даври аввали иқдоми "Ҳамқадами замон" ба анҷом расид, ки дар натиҷа 100 нафар мизоҷон- гирандагони интиқоли пулӣ, ҳар кадоме ҳамчун ҷоизаи пулӣ 300 сомонӣ бурд карданд.
Дар сомонаи бонк ID -рақамҳои ғолибон нашр шудаанд, ки Шумо метавонед онҳоро дар ин ҷо аз назар гузаронед: 
http://eskhata.com/hamkadam.php?nomobile=1

Барои гирифтани маблағи бурд, ғолибонро лозим аст, ки ба филиали Бонки Эсхата, ки дар он корти бонкӣ харидорӣ шудааст, муроҷиат намоянд.

Хотиррасон мекунем, ки моҳи июли соли равон Бонки Эсхата барои мизоҷони интиқоли пулӣ иқдоми "Ҳамқадами замон" -ро эълон кард.
Бо қабули интиқоли пулии хориҷӣ (на камтар аз 5000 рубли русӣ), ба тариқи ғайринақдӣ ба корт, ҳамёни мобилӣ ё ба суратҳисоби бонкӣ, мизоҷ метавонад иштирокчии аксия гардад.

Мувофиқи шартҳои аксия, барои ҳар як маблағи интиқолгашта ба иштирокчӣ ID рақами дода мешавад, ки он дар бурди тӯҳфаҳои арзишнок ширкат меварзад. 

Ба мизоҷон тавсия дода мешавад, ки аз наздикони худ хоҳиш намоянд, ки барояшон тариқи ғайринақдӣ рубли русӣ интиқол диҳанд. Дар як лаҳза ҳам маблағи интиқолро қабул мекунанд ва ҳам имконияти бурди туҳфаҳои пулӣ ва  туҳфаи асосӣ – Автомобили Hyundai Accent , ки аз Hyundai Auto Tоҷикистон харидорӣ шудааст, пайдо менамоянд.

Бонки Эсхата имкониятҳоро маҳдуд намекунад, ҳар як иштирокчии ҳар даври аксия имкони бурди туҳфаи асосиро дорад.
Дар даври дуюм бошад, бурд барои як ғолиб 600 сомониро ташкил медиҳад, дар маҷмӯъ 100 нафар бурд мекунанд. Дар даври дуюм бахти худро бисанҷед!
Интиқолҳои нави ғайринақдӣ гиред ва боз ҳам иштирокчии аксия шавед.

Маълумоти муфассал дар бораи аксия ва фонди туҳфаҳои он дар ин ҷо: 
http://eskhata.com/tj/about/news/4799/


Возврат к списку

ба боло