Бонки Эсхата: «Мо пеши қаҳрамонии Шумо сари таъзим фуруд меорем!»
18.08.2020

Бонки Эсхата: «Мо пеши қаҳрамонии Шумо сари таъзим фуруд меорем!»

Имрӯз Тоҷикистон рӯзи корманди тибро ҷашн мегирад. Дар ин рӯз, албатта, мо намояндагони “Бонки Эсхата” мехоҳем номи ҳамаи табибонро зикр кунем, ки вазифаи касбии худро содиқона иҷро мекунанд. Нафаронеро метавон ном бурд, ки дар давраи мушкил барои тамоми ҷаҳон дар сафи авваланд, миллионҳо одамро наҷот медиҳанд ва инчунин нафаронеро, ки дар мубориза бо коронавирус ҷони садҳо беморонро наҷот дода, аммо ҷони худро наҷот дода натавонистанд.

 Бо назардошти он, ки рӯйхати қаҳрамонони соҳаи тиб беохир хоҳад буд, мо ба ҳар кадоми Шумо - табибон таҳсину офарин мегӯем. Ҳамаи шуморо бо иди касбӣ самимона табрик гуфта, бароятон саломатии қавӣ орзу мекунем.


Имрӯз тамоми ҷаҳонро вируси карона фаро гирифтааст ва ба кӯмаки Шумо ҳамаи беморон ниёз доранд. Дар айни замон, новобаста аз ихтисоси касбии худ саломатии ҳар як шаҳрвандро муҳофизат карда, ҳаёти ҳар яки онҳоро аз ин бемории сироятӣ наҷот дода, кӯмаки равонӣ низ мерасонед. Бигзор саъю кӯшишҳои Шумо ба некӣ анҷомаду саломатии шумо бегазанд бод!

Кормандони ҶСК “Бонки Эсхата” иди табибонро беаҳамият гузошта наметавонад. Мутаассифона, кормандони бонк низ ба бемории ин давру замон дучор шуда истодаанд. Танҳо ба шарофати кордонӣ ва дастгирии табибон, кормандони бонк пас аз беморӣ саломатии худро барқарор намуда, ба кор баргаштанд.

Мо ҷиддӣ будани вазъ ва оқибатҳои эҳтимолии онҳоро пурра дарк мекунем, аз ин рӯ, мекӯшем тамоми чораҳои бехатариро, ки бар зидди паҳншавии бемории сироятии коронавирус андешида шудаанд, риоя кунем.

Мо фаъолияти худро ба рушди хизматрасониҳои фосилавӣ равона карда истодаем ва ба аҳолӣ имкониятҳои нави мобилиро пешниҳод менамоем, то ин ки шаҳрвандонро аз ҷойҳои серодам эмин дорем. Тавсия медиҳем, ки то ҳадди имкон ҳамаи пардохтҳоро аз хона набаромада, тариқи имкониятҳои фосилавӣ иҷро намоянд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки тамоми амалҳои кормандони бонк дар мубориза бар зидди бемории сирояти коронавирус - ин кӯмак ба кормандони соҳаи тиб буда, ҳадафи асоси ҷомеъаи меҳнатии бонк бо ин васила коҳиш додани ин беморӣ мебошад.

Мо пеши каҳрамонии Шумо сари таъзим фуруд меорем! Идатон муборак!


Возврат к списку

ба боло