Маблағи барқро аз хона пардохт намоед
21.07.2020

Маблағи барқро аз хона пардохт намоед

         Барои роҳ надодан ба таъхирҳо ва қатъи нерӯи барқ, аз хизматрасонии «Эсхата Онлайн» истифода баред.

        Бонки Эсхата хизматрасониҳои фосилавиро рушд дода, ба мизоҷон имкониятҳои иҷроиши амалиётҳои бонкиро бидуни тарк кардани манзил дастрас мегардонад. Ин намуди хизматрасонӣ дар марҳилаи пандемия саривақтӣ аст. Ҳангоми пайдо шудани амалиётҳои бонкӣ, бе зарурат аз хона набароед ва аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед. Дар ин маврид «Эсхата Онлайн» роҳкушои шумо!

         То ҳол аз тарзи пардохти маблағи барқ тариқи «Эсхата Онлайн» бехабаред? Пас бо роҳнамои мазкур шинос шавед:

1.     Тугмачаи «Коммунальные услуги» пахш кунед

2.     Минтақаи зисти худро интихоб кунед

3.     Ҳисоби шахсии худро барои пардохт ворид кунед (агар бақияи ҳисоби худро фаҳмиданӣ бошед, тугмачаи «Запросить остаток», ки дар поёни экран ҷойгир аст, пахш кунед)

4.     Сипас маблағи пардохтро ишора кунед

5.     Суратҳисоби пардохтро интихоб намоед

6.     Амалиётро тасдиқ намоед

 

         Маблағи Шумо фавран ба суратҳисоби «Барқи Тоҷик» ворид мегардад, бе ситонидани комиссия. Тез, қулай, бехатар!

Саломатии худро эҳтиет кунед, аз хизматрасониҳои фосилавии Бонки Эсхата истифода баред!

 

 

 


Возврат к списку

ба боло