Оё Шумо ниқобро дуруст истифода мебаред?
16.07.2020

Оё Шумо ниқобро дуруст истифода мебаред?

Аз сабаби пандемияи ҷаҳонӣ имрӯзҳо одамонро бо никобҳои гуногун дидан мумкин аст: ниқобҳои тиббӣ ва никобҳои ғайритиббии матоӣ.

Бо қоидаҳои ниқобпушии тиббӣ аксарият шиносоӣ пайдо намуданд, аммо дар бораи қоидаҳои пӯшидани ниқобҳои ғайритиббии матоӣ мо чӣ медонем? Оё мо коидаҳои ниқобпӯширо дуруст риоя мекунем, то ки ниқоб моро аз касалиҳои сирояткунанда муҳофизат намуда, сабаби гирифторшавии беморӣ нагардад?

Мувофиқи тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, пешниҳод  менамоем, ки бо қоида ва тарзи дуруст пушидани ниқоби ғайритиббии матоӣ шинос шавед: 

1.     Пеш аз ба даст гирифтани ниқоб, бояд дастони худро бо собун ё маҳлули антисептикӣ безарар намоед

2.     Ниқобро тафтиш намоед, то ки зарардида набошад

3.     Ниқобро ба рӯйи худ чунин ҷойгир намоед, то он аз гирду атроф мувофиқат кунад

4.     Ниқоб бояд бинӣ, даҳон ва манаҳро фаро гирад

5.     Ҳангоми истифодабарӣ ниқобро бо даст нарасед

6.     Пеш аз кашидани ниқоб бояд дастонро бо собун ё маҳлули антисептикӣ безарар намоед

7.     Пас аз кашидани ниқоб низ дастонро тоза шӯед

8.     Ниқобро аз тасмача қапида кашед

9.     Ниқобро аз рӯи худ дур кунед

10.          Агар ниқоб тоза ва хушк бошад ва шумо ният доред, ки онро боз истифода мебаред, онро дар халтачаи тозаи полиэтиллении махкамшаванда гузоред.   

11.         Ҳангоми гирифтани ниқоб аз халтача онро аз тасмачаҳояш доред

12.         Ниқобҳои матоиро пас аз истифодабарӣ бо собун ва оби гарми на кам аз 60 дараҷа шустан лозим аст

 

Табибон хотиррасон менамоянд, ки ниқоб ҳамчун чораи ягона наметавонад комилан аз гирифторшавии беморӣ ҳифз намояд. Ба ғайр аз ниқоб бояд чораҳои иловагии пешгирикунандаро риоя кард: шустани дастон бо собун, нигоҳдории фосила, дурӣ ҷустан аз ҷойҳои серодам ва бурдани тарзи ҳаёти солим.

Бонки Эсхата хоҳони саломатии Шумост!  


Возврат к списку

ба боло