Қазоқистон боз ҳам наздиктар шуд!
10.07.2020

Қазоқистон боз ҳам наздиктар шуд!

Мо сарҳадҳоро васеъ мегардонем! Хабри хуш барои онҳое, ки аз Қазоқистон ба Тоҷикистон маблағ интиқол медиҳанд.

Акнун истифодабарандагони низоми пулҳои электронии Woopрay Қазоқистон метавонанд маблағро аз ҳамёни мобилии худ ба Тоҷикистон, ба суратҳисоби корти локалии Бонки Эсхата интиқол диҳанд.

Ирсоли маблағ бо асъори миллии кишвари ирсолкунанда сурат мегирад, қабули маблағи интиқол бо асъори миллӣ – сомони. Яъне бо фиристодани тенгеи қазоқӣ, хешовандони Шумо интиқолро бо сомони мегиранд.

Суръати баланди интиқоли маблағ ба суратҳисоби корт амалиётро осон мегардонад!

Мо минбаъд низ сарҳадҳои худро васеъ намуда, шумораи кишварҳои шарикро дар самти қабули осони интиқоли пулӣ зиёд мегардонем.

Бонки Эсхата – мо наздиктар мешавем!

Муфассалтар 808


Возврат к списку

ба боло