«Бонки Эсхата» ба маблағи 100 000 сомони барои табибон либоси махсус харидорӣ намуд.
29.05.2020

«Бонки Эсхата» ба маблағи 100 000 сомони барои табибон либоси махсус харидорӣ намуд.

Ба маблағи 100 000 сомонӣ зиеда аз 450 маҷмӯъ корҷомаи махсуси ҳимояи тиббӣ  ба табибон харидорӣ ва супорида шуд.

Кумаки мазкур ба беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, шуъбаҳои ёрии таъҷилии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва як қатор ноҳияҳои дурдасти вилояти Хатлон расонида шуд,-хабар додан ба Азия Плюс дар Бонки Эсхата.

Намояндагони Бонки Эсхата дар якҷоягӣ бо Фонди Хайриявии “Ормон” ин марказҳои қабули беморони COVID 19 –ро дидан намуда, ба духтурон маҷмӯъи корҷомаи махсусро супориданд.

“Табибони мо саломатӣ ва ҷони худро зери хатар гузошта, дур аз оила ва фарзандони худ, шабонарузӣ бо ин беморӣ мубориза мебаранд, ҳамаи имкониятҳоро истифода мебаранд, то беморон худро зери ҳимоя ҳис намуда, баробари онҳо бар зидди ин вабои аср мубориза баранд. Аз ин рӯ мо миннатдории самимонаи худро ба онҳо мерасонем ва орзу мекунем, ки соҳаи тибби мамлакат ҳар чи тезтар бар ин беморӣ ғолиб барояд. Орзу дорем, ки рӯзҳои наздик беморон ва табибон ба ҳаети пешина баргарданд”- қайд кард сардори Шуъбаи маркетинги Бонки Эсхата Маъруфҷон Латипов.

Ҳамзамон табибон ва ҳамширагони шафкат, ки кумаки мазкурро қабул карданд, ба Бонки Эсхата ва Фонди Ормон сипосмандии худро расониданд.

 

Азия Плюс


Возврат к списку

ба боло