ҶСК “Бонки Эсхата” Маҷлиси умумии саҳомонро эълон менамояд
20.05.2020

ҶСК “Бонки Эсхата” Маҷлиси умумии саҳомонро эълон менамояд

ҶСК “Бонки Эсхата” ба маълумоти саҳомони Бонк мерасонад, ки санаи 29 июни соли 2020, соати 13:00, Маҷлиси умумии саҳомон баргузор мегардад. 
шакли гузаронидани маҷлис-рӯ ба рӯ 
макони гузаронидани маҷлис- бинои Сарбонк, суроға ш. Хуҷанд, к. Гагарин 135
усули гузаронидани маҷлис- ҳузури шахсӣ ё фосилавӣ тавассути барномаи Zoom
Санаи тартиб додани рӯйхати шахсоне, ки барои иштирок дар Маҷлиси умумии саҳомони ҶСК «Бонки Эсхата» ҳуқуқ доранд -29.05.2020.

Рӯзномаи маҷлис: 

1. Интихоби раискунандаи маҷлис ва эълони кворум барои гузаронидани  маҷлиси саҳомон.
2. Ҳисоботи Раиси Шӯрои нозирон оиди корҳои анҷомдодашуда барои соли 2019.
3. Баррасии ҳисоботи Раиси Раёсат оиди фаъолияти Бонк барои соли 2019. 
4. Баррасӣ ва тасдиқи ҳисоботи солонаи аудитории ҶСК “Бонки Эсхата” барои соли 2019.
5. Тавсияҳои Шӯрои нозирон вобаста ба масъалаи тақсимоти фоида аз рӯи натиҷаҳои соли молиявии ҳисоботии 2019.
6. Тасдиқи аудитори берунӣ барои гузаронидани санҷиши молиявӣ барои соли 2020.
7. Баррасии ҳисоботи Кумитаи аудит оиди корҳои анҷомдодашуда барои соли 2019.
8. Баррасии ҳисоботи Хадамоти комплаенс-хавф барои соли 2019.
9. Интихоби аъзои нави Шӯрои нозирон ва дар ҳайати нав тасдиқ намудани Шӯрои нозирони ҶСК «Бонки Эсхата».
10. Баррасӣ ва дар таҳрири нав тасдиқ намудани Оинномаи Бонк.
11. Тасдиқи Низомнома оид ба мукофотонии аъзоёни Шӯрои нозирон.

Бо маводҳо аз рӯи рӯзномаи мазкур метавонед пас аз санаи 29-уми майи 2020 сол шинос шавед.
Саволҳои худро ба Котиби корпоративӣ Суванова Фарангис бо рақами  92 798 66 99 ё тариқи суроғаи электронии CorporateSecretary@eskhata.tj пешниҳод намоед.



Возврат к списку

ба боло