«САЛОМАТИИ ШУМО БАРОИ МО МУХИМ АСТ!» «Бонки Эсхата» ба сокинон ниқобҳо тақсим намуд
20.04.2020

«САЛОМАТИИ ШУМО БАРОИ МО МУХИМ АСТ!» «Бонки Эсхата» ба сокинон ниқобҳо тақсим намуд

Кормандони «Бонки Эсхата» дар кӯчаҳои шаҳрҳои мамлакат дар доираи иқдоми хайриявии «Мо саломатии шуморо қадр мекунем!» ба аҳолӣ ниқобҳо тақсим намуданд. Пас аз гирифтани ниқоб одамон зуд онҳоро пӯшиданд, ки ин самараи иқдомро нишон медиҳад. Чорабинӣ бо мақсади мусоидат дар татбиқи чораҳои асосии муҳофизат аз сирояти коронавирус – COVID-19 гузаронида шуд.

«Дар чунин як давраи мушкил барои тамоми ҷаҳон, мо намехоҳем дар канор бошем. Аз ин рӯ,  тасмим гирифтем, ки аҳолии Тоҷикистонро бо тақсим кардани ниқобҳои ройгон дастгирӣ намоем. Бо ин амал мо ҳамбастагии худро дар пешгирии паҳншавии COVID-19 дар мамлакат нишон додем», — гуфт сардори Департаменти маркетинг ва рушди ҶСК «Бонки Эсхата» Фурқатулло Исматуллоев.

Дар навбати худ, кормандони «Бонки Эсхата» инчунин тамоми чораҳои заруриро барои муҳофизат аз COVID-19 риоя мекунанд. Дар бонк комиссияи махсус оид ба ҳолатҳои фавқулода таъсис дода шудааст, ки нақшаи амалро барои пешгирии вуруди COVID-19 таҳия карда, аз руи он амал менамояд.

Дар бонки мазкур иттилоъ доданд, ки кормандон чораҳои асосиро медонанд ва ба таври қатъӣ қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя мекунанд. Коргарон бо ниқобҳо ва махлулхои безараргардони таъмин буда, корҳои тоза намудани бино мунтазам гузаронида мешаванд.

Бо мақсади таъмини риояи масофа ва пешгирӣ аз издиҳоми мардум «Бонки Эсхата» ба мизоҷон тавсия медиҳад, ки аз хизматрасониҳои фосилавӣ, бахусус «Эсхата онлайн» истифода бурда, амалиёти бонкӣ анҷом диҳанд ва барои хидматҳо бидуни баромадан аз хона пардохт кунанд. Инчунин барои дигар намудҳои пардохт бонк истифодаи QR-пардохт, кортҳои бонкӣ ва терминалҳои пардохтиро пешниҳод мекунад.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз дар мамлакат ягон ҳодисаи сирояти вируси COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

 


Возврат к списку

ба боло