Ба маълумоти шахсони хукуки
23.04.2020

Ба маълумоти шахсони хукуки

Мизоҷони муҳтарам!

Пеш аз ҳама, иҷозат диҳед ба Шумо барои ҳамкориҳои муфид изҳори сипос баён намоем ва дар фаъолияти минбаъдаатон муваффақиятҳо орзу намоем.

Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳо агентҳои назорати асъор мебошанд ва барои назорати дурустии пардохтҳо бо асъори хориҷӣ ва баргардонидани даромадҳо бо асъори хориҷӣ барои мол ва хизматрасонии содиротӣ, масъул мебошанд. (Конуни ЧТ «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» аз 13.06.2013 тахти №964, Боби 2, моддаи 13-4 ва Боби 3, моддаи 17-2)

Бинобар ин, аз Шумо хоҳиш мекунем, ки ба шарикони худ вобаста ба муомилоти воридотӣ – содиротӣ, инчунин дигар шариконатон, дар бораи зарурати нишон додани рақамҳо ва санаҳои шартнома дар супоришномаи пардохтӣ, ки ба манфиати Шумо иҷро карда мешавад, ки дар асоси он пардохт сурат мегирад, номи молҳо ва хизматрасониҳое, ки бо асъори хориҷӣ пардохта мешаванд, хабар диҳед.

Барои фахмишатон  сипосгузорем!

Бо эҳтиром,

ҶСК «Бонки Эсхата»


Возврат к списку

ба боло