Дар Россия қарор доред, аммо мехоҳед маблағро дар Ватан ҷамъ намоед?
13.04.2020

Дар Россия қарор доред, аммо мехоҳед маблағро дар Ватан ҷамъ намоед?

Берун аз Тоҷикистон қарор доред, аммо мехоҳед маблағҳои худро дар Ватан ҷамъ кунед? Орзу доред, ки пас аз баргаштан ба Тоҷикистон орзуҳоятонро амалӣ созед? Акнун Шумо метавонед, ки мустақилона ин корро анҷом диҳед!

Бонки Эсхата якчанд воситаҳои ирсол ва ҷамъкунии маблағро бароятон пешкаш менамояд:

  •         Маблағро тариқи «Сбербанк онлайн» ба корт ё бонки мобилии Эсхата Онлайн ирсол намоед. Маблағи ирсолшуда ба таври автоматикӣ ба асъори миллӣ иваз карда мешавад.
  •         Маблағро ба суратҳисоби пасандозии «Озод» бо асъори хориҷӣ, тариқи низоми SWIFT ирсол намоед.  
  •         Маблағро ба суратҳисоби пасандозии муҳлатноки «Хариди фоиданок», «Даромади устувор» ё «Бачагона» бо асъори хориҷӣ, ба тариқи низоми SWIFT ирсол намоед.
  •         Маблағро дар корти «VISA» ҷамъ намоед. Пур кардани суратҳисоби корт бо доллари ИМА амалӣ карда мешавад. Афзалияти ин восита – корт дар дасти худи дорандаи корт карор дорад;

Ҳаққи хизматрасонӣ аз рӯи тарофаҳои бонкҳо гирифта мешавад.

Маълумоти муфассал тариқи телефони 808!

Бо маҳсулотҳои пасандозии Бонки Эсхата метавонед дар сомонаи бонк шинос шавед: http://eskhata.com/tj/individuals/deposit/deposit_types.php

Бонки Эсхата: «Мо наздиктар мешавем!»


Возврат к списку

ба боло