Муносибати эҳтиёткорона нисбат ба пул дар дасти мову шумост!
30.03.2020

Муносибати эҳтиёткорона нисбат ба пул дар дасти мову шумост!

Ҳамаруза мо бо пул сарукор намуда, мумкин аст, ки ҳатто фикр намекунем, ки барои истеҳсоли он чӣ қадар маблағ сарф мешавад. Ҳамеша дар даст ё ҳамён доштани пулҳои тозаву нав хуш аст, аммо аксар вақт ҳангоми қабули бақия дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ва ё ин ки дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ ба даст омадани пулҳои фарсуда аз эҳтимол дур нест.

Мутаасифона, пулҳои коғазӣ дар натиҷаи беэҳтиётии тасодуфӣ ё махсус фарсуда мешаванд: навиштаҷотҳо, расмҳои кашидашуда, пулҳои бурида ё дарида, ки дар натиҷаи тоб хурдан дар мошинаи ҷомашӯӣ ё дар натиҷаи нигоҳдории нодурусти пул ба амал меояд. Ҳамаи ин ба он оварда мерасонад, ки пулҳои фарсуда аз муомила хориҷ карда шуда, хароҷотҳои иловагиро талаб мекунад.

Шумораи зиёди аҳолӣ пулҳои коғазиро бештар истифода мебаранд, зеро нигоҳдории он нисбат ба танга қулайтар аст. Аммо бояд қайд кард, ки танга низ ба мисли пулҳои коғазӣ воситаи пардохтии комилҳуқуқ буда, қобилияти харидораиш якхела мебошад. Муҳимаш, муҳлати хизмати танга аз пулҳои коғазӣ зиёдтар аст.

Дар бештар ҳолатҳо тангаҳо дар кисса, ҳамён ё пулҷамъкунак бекор хобида, дар гардиши пули нақд иштирок надоранд, ки ба камшавии танга дар муомилоти пулӣ ва ҳамзамон душвор гардидани кори кормандони хазинаҳо оварда мерасонад. Албатта барои фаъолона истифода намудани танга дар муомилоти пулӣ дастгирии аҳолӣ лозим аст. Пас, тангаҳоро барои пардохт дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ истифода намоед. Агар пулҳои коғазӣ лозим бошанд, метавонед тангаҳоро дар хазинаҳои филиалҳои бонк ба пули қоғазӣ иваз кунед.

Инчунин шумо метавонед тангаҳои ҷамъшударо дар суратҳисоби пасандозӣ дар бонк нигоҳ доред. Дар ин ҳолат бонк пулҳои шуморо ҳам нигоҳ медорад ва ҳам зиёд мегардонад.

Бояд қайд кард, ки пулҳои фарсудаи асъори миллиро метавонед ба таври ройгон дар бонкҳо иваз намоед, ба ғайр аз пулҳои фарсудаи пардохтнопазир.  Муфассалтар оид ба пулҳои фарсудаи пардохтнопазир дар ин ҷо: http://nbt.tj/upload/iblock/38f/pr_por_opred_ru.pdf

Дар хотима ҳамаи шаҳрвандонро барои муносибати эҳтиёткорона нисбат ба пул даъват менамоем, зеро асъори миллӣ муқадасоти миллӣ маҳсуб ёфта, воситаи муарификунандаи давлати мост!

 

 

 


Возврат к списку

ба боло