Онлайн интиқолҳо- барои чӣ истифодабарии онҳо ҳоло муҳим аст?
01.04.2020

Онлайн интиқолҳо- барои чӣ истифодабарии онҳо ҳоло муҳим аст?

       Айни замон қариб тамоми дунё аз вабои коронавирус азият мекашад, ҳамзамон он давлатҳое, ки дар он ҷо ин касалӣ ҳоло ба қайд гирифта нашудааст, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳама чораҳои заруриро оид ба пешгирии паҳншавии COVID-19 андешида истодаанд.

       Новобаста аз оне, ки дар Тоҷикистон ҳолати коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, мо бояд ба қоидаҳои оддии гигиенаи шахсӣ риоя кунем, ки муҳимаш мунтазам шустани дастон бо собун ё маҳлули антисептикӣ аст.

      Зеро давоми рӯз мо якчандкарата бо касе ё чизе алоқа дорем: дастаки дар, тугмачаи лифт, гаджетҳо, пул ва дигар ашёҳои рузгор. Бо мақади кам кардани алоқа бо пул ва дурӣ ҷустан аз ҷойҳои серодам, Бонки Эсхата пешниҳод менамояд, ки аз онлайн интиқолҳо, бе ташриф овардан ба бонк, истифода баред:

1.         Маблағро ба корти Бонки Эсхата, инчунин ба бонки мобилии 

«Эсхата онлайн», ки бо ёрии барномаи «Сбербанк онлайн» ё «QIWI ҳамён» ирсол шудааст, кабул намоед. Наздикони шумо дар муддати хеле кӯтоҳ метавонанд пулро, бе ташриф овардан ба бонк қабул намоянд http://eskhata.com/about/news/4496/

2.         Воситаҳои пулиро ба корти бонкӣ бо истифода аз тугмачаи «Получить перевод на карту», ки дар сомонаи расмии Бонки Эсхата www.eskhata.tj мавҷуд аст, қабул кунед https://transfer.eskhata.tj:6443/

3.         Маблағи ирсолшударо аз кортҳои Россия ба корти Бонки Эсхата қабул кунед. Бароятон имконияти интиқолӣ ба воситаи кортҳои Visa, Master Card ва МИР, ки аз ҷониби бонкҳои Федератсияи Россия бароварда шудааст, дастрас аст. Қабули маблағи ирсолшуда тариқи сомона ба суратҳисоби корти локалӣ ё корти Ягонаи интиқолии Бонки Эсхата амалӣ мегардад https://c2c.eskhata.tj/

Ҳангоми қабули маблағи ирсолшуда, тавсия медиҳем, ки  вақти харид кардан дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ аз пардохтҳои ғайринақдӣ ё QR-пардохт истифода намоед http://eskhata.com/individuals/bank_cards/atms.php

Аз хотир набароред! Корт, гаджетҳо ва аз ҳама муҳимаш дастони худро пас аз гузаронидани амалиёти бонкӣ бо маҳлулҳои махусус безарар гардонед.

Аз онлайн интиколҳо истифода намуда, ҳамеша саломат бошед!

Маълумоти муфассал бо рақами 808! 

   


Возврат к списку

ба боло