Пресс-релиз: «Бонки Эсхата пешравии худро таҳти роҳбарии Раиси Раёсати нав  идома медиҳад»
13.02.2020

Пресс-релиз: «Бонки Эсхата пешравии худро таҳти роҳбарии Раиси Раёсати нав идома медиҳад»

Санаи 13 феврали 2020 сол ҷаноби  Райнер Мюллер-Ханке, ки қаблан вазифаи аъзои Шӯрои нозирони ҶСК «Бонки Эсхата» -ро бар дӯши худ дошт ба вазифаи и.в. Раиси Раесати ҶСК «Бонки Эсхата» таъин гардид. То ба ин сана ва оғозан аз аввали соли 2018 вазифаи Раиси Раёсати ҶСК «Бонки Эсхата»-ро Назаров Акбар Абдушукурович иҷро мекард.

Қарори мазкур аз ҷониби Шӯрои нозирони Бонк бо мақсади рушди ояндаи фаъолияти бонк, амалишавии бизнес-стратегияи Бонки Эсхата бо назардошти ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва таҷрибаҳои байналмиллалии беҳтарин дар соҳаи бонкдорӣ, ҳамзамон бо мақсади мувофиқат кардан ба мақоми Бонки низомсози кишвар қабул карда шуд.

 «Ҷаноби Райнер Мюллер Ханке бо назардошти доштани таҷрибаи бузурги корӣ дар вазифаҳои калидии бонкҳои тиҷоратии давлатҳои хориҷӣ ва дар умум дар соҳаи бонкдорӣ интихоб шудааст. Мо боварии комил дорем, ки таҷрибаи бузург, нигоҳи касбӣ ва малакаи хуби роҳбарикунандаи Райнер Мюллер-Ханке барои мубаддал гаштани Бонки Эсхата ба бонки инноватсионӣ ва технологии ҳозиразамон, ки талаботи замонаву мизоҷон аст, мусоидат хоҳад кард.

Дар навбати худ, ба Назаров Акбар Абдушукурович барои меҳнати софдилона ва касбияти баланд изҳори миннатдорӣ менамоем. Таи ду соли сарвариашон ҶСК «Бонки Эсхата» мақоми худро на танҳо ҳамчун яке аз бонкҳои пешрафтаи Тоҷикистон нигоҳ дошт, балки аз ҷониби БМТ ҳамчун Бонки низомсози кишвар дониста шуд, ки дастоварди бузург аст» - иброз дошт Фируза Исхакова, Раиси Шӯрои нозирони ҶСК «Бонки Эсхата».

Райнер Мюллер-Ханке соли 1960 дар Олмон ба дунё омадааст. Ӯ дар соҳаи бонкдории давлатҳои Аврупои Марказию Шарқӣ ва Федератсияи Россия зиеда аз 25 сол таҷрибаи ғани дорад.

Дорандаи унвони магистр оид ба иқтисодиёти Донишгоҳи Озоди Берлин, хатмкунандаи Донишгоҳҳои Гейдельберг ва Мадрид мебошад.

Ҷаноби Мюллер-Ханке дар вазифаи роҳбарикунанда дар «KMB Bank» - бонки гуруҳи италиёӣ, «Intesa Sanpaolo» дар Россия, «Swedbank»- бонки гуруҳи шведӣ дар Украина, инчунин дар ҳайси аъзои Шӯрои нозирон дар «FinComBank» Молдова ва ҶСП «AccessBank» дар Озарбойҷон кору фаъолият намудааст.

Дар гузашта аъзои Кумитаи идоракуниии Палатаи савдои Олмону Россия дар ш. Москва, мушовири калони бонкӣ дар Ташкилоти Машваратии Байналмиллалӣ, яке аз роҳбарони барномаи Фонди тичорати хурди БАТР дар Россия, мушовир-танзимгари калон дар бонкҳои шарики Россия.

 


Возврат к списку

ба боло