Зиеда аз 40 нафар коршиносони қарзии Бонки Эсхата барои машварат оид ба Маблағгузории тиҷоратӣ омода ҳастанд.
05.03.2020

Зиеда аз 40 нафар коршиносони қарзии Бонки Эсхата барои машварат оид ба Маблағгузории тиҷоратӣ омода ҳастанд.

Онлайн семинар «Курси омӯзишӣ оид ба Маблағгузории тичоратӣ» аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) бо ҳамдастии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои коршиносони қарзии муассисаҳои молиявии кишвар гузаронида шуд. Барои Бонки Эсхата, ки шарики доимии барномаи «Дастгирии маблағгузории тичоратӣ» (Trade Finance Facilitation Program) мебошад, имконияти иштироки 50 нафар кормандон пешниҳод гардид.

Дар натиҷаи супоридани тест аз рӯи омузиши гузаронидашуда, 43 нафар кормандони Бонки Эсхата бо сертификатҳо сарфароз гардонида шуданд, яъне барои машварат оид ба Маблағгузории тиҷоратӣ омода ҳастанд.

Маросими мукофотонии иштирокчиени семинар бо иштироки Муовини якуми Раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев, муовини Раиси БМТ Машрабзода Ҳамидулло ва Директори Департаменти БАТР оид ба кор бо Муассисаҳои молиявии Осиёи Марказӣ Ҷаҳонгир Шамсиев ва Бонкдори калон - муовини Роҳбари Барномаи Дастгирии Маблағгузории тиҷоратӣ дар кишварҳои фаъолиятии БАТР Камол Махмудов баргузор гардид.

Хурсандиовар он аст, ки аз ҳама шумораи зиёди хатмкунандагон- дорандагони сертификатҳо семинари омузиширо аз байни бонкҳо-иштирокчиёни семинар кормандони Бонки Эсхата ташкил дод.

Иштирокчиёни семинар бо маҳсулот ва раванди маблағгузории тиҷоратӣ, аз он ҷумла қоидаҳои стандартҳои байналхалқӣ шиносоӣ пайдо намуданд, ки дар оянда барои рушди фаъолияти содироти-воридотӣ ва ҳамзамон саҳмгузорӣ ба мустаҳкам намудани иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

 

Хотиррасон мекунем, ки Бонки Эсхата паи чанд соли охир ба ҷоизаи беҳтарин бонк-эмитент дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи мусоидат ба рушди маблағгузории тиҷоратии БАТР қадрдонӣ мегардад.

 

Машварат ё дастгирии молиявиро дар доираи маблағгузории тиҷоратӣ меҷуед? Ба Бонки Эсхата муроҷиат кунед!

 Мо омода ҳастем, ки соҳибкоронро бо пешниҳоди маҳсулотҳои имтиёзнок дастгирӣ намоем:

 

·        пешниҳоди аккредитивҳо

·     маблағгузорӣ бо давраҳои имтиёзнок, фоизҳои хуб ва ҷадвали пардохти фасеҳ  

·        гарави бонкӣ

·        инкассои воридотӣ ва содиротӣ

 

Ба 808 занг занед.


Возврат к списку

ба боло