Тӯҳфаи асосии аксияи «Амали орзуҳо» - 150 000 сомони, соҳибашро дарёфт кард!
01.01.2020

Тӯҳфаи асосии аксияи «Амали орзуҳо» - 150 000 сомони, соҳибашро дарёфт кард!

150 000 сомониро Хамроқулов Ҳасан Марупбоевич аз шаҳри Душанбе бурд кард. Тӯҳфаи пулӣ дар арафаи Соли Нав ба мизоҷ супорида шуд.

«Бахт ба рӯям хандид. Дар Соли Нав барои ман ин туҳфаи беҳтарин шуд» - мегӯяд мизоҷ.

Хотиррасон мекунем, ки аксияи «Амали орзухо» аз Бонки Эсхата санаи 1 июн оғоз шуда, охири декабри соли 2019 ҷамъбаст гардид. Аксия аз 5 давраи байнимарҳилавӣ ва давраи ҷамбастӣ иборат буд, ки дар ҷамбасти ҳар яки он 9 нафар ғолибон тӯҳфаҳои гуногунро бурд карданд. Кортҳои бонкӣ бо дизайни индивидуалӣ ва 1000 сомони дар суратҳисоби он, телефонҳои мобилӣ, яхдонҳо, телевизорҳо ва мошинаҳои ҷомашӯӣ ва инчунин бурди асосӣ 150 000 сомони голибонашро дарёфт карданд, ки шумораи умумии онхо 46 нафарро ташкил кард. Чунин аксия, ки ба мизочони карзи равона шуда буд, бори аввал дар Бонки Эсхата эълон гардида, бахшида ба 25-солагии бонк гузаронида шуд.

Бори дигар ғолиби бурди асосӣ Ҳасан Ҳамроқулов ва 45 нафар ғолибони байнимарҳилавии аксияро сидиқидилона табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи онҳое, ки дар аксияи «Амали орзуҳо» фаъолона иштирок намуданд, изҳори миннадорӣ баён менамоем.

Дар Соли Нави 2020 ба хамаи мизоҷони бонк хушбахтӣ ва беҳбудии молиявиро таманно дорем!

 


Возврат к списку

ба боло