Соӽибкори беӽтарини соли 2019!
23.12.2019

Соӽибкори беӽтарини соли 2019!

21 декабр дар Қасри маданияти Арбоб, бо иштироки Раиси вилояти Суғд муӽтарам Раҷаббой Аӽмадзода, намояндагони сохторӽои давлатӣ, васоити ахбори омма ва соӽибкорони вилояти Сугд маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни «Соӽибкори беӽтарини сол – 2019» баргузор гардид.

Бонки Эсхата дар озмуни мазкур бо диплом, мукофотпулӣ ва унвони «Соӽибкори беӽтарини соли 2019» сарфароз гардонида шуд. Ҷоиза ба Раиси Раёсати ҶСК «Бонки Эсхата» Назаров Акбар Абдушукурович супорида шуд.

Озмун ба ӽукми анъана даромада, бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд бо мақсади дастгирии соӽибкорони вилоят, ки барои рушди иқтисодиет ва ҷамъият, инчунин баӽри баланд бардоштани сатӽи истеӽсолот ва беӽтарсозии соӽаи хизматрасонӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамоянд, гузаронида мешавад.

Маросими ҷоизасупорӣ бо барномаи консертии идонаи ситораӽои Суғдзамин анҷом ёфт.

Мизоҷони муӽтарам, шарикони гиромӣ!

Ин дастоварди якҷояи мову шумост! Бо гирифтани ҷоизаи мазкур пеш аз ӽама ба Шумоён миннатдорӣ баён менамоем. Барои ӽамкории пурсамар ва барои он, ки бонки моро интихоб намудает, сипосгузорем!



 

 


Возврат к списку

ба боло