Бонки Эсхата соӽиби ҷоизаи тиллоии «Бренди сол 2019» гардид
20.12.2019

Бонки Эсхата соӽиби ҷоизаи тиллоии «Бренди сол 2019» гардид

Соли 2019-ро бо ҷоизаи тиллоии «Бренди сол 2019» ҷамъбаст менамоем.

«Мо шодем, ки комиссияи озмуни Ҷумӽуриявии «Бренди сол 2019» таӽти унвони «Қуллаи шараф» моро лоиқи ҷоизаи тиллоӣ донист, ки аз идоракунии самараноки бренд дарак медиӽад. Чунин дастовард бори нахуст ба даст наомадааст, солӽои қаблӣ низ дар озмун ширкат варзида соӽиби ҷоизаӽо гашта будем. Ӽамаи ин ба шарофати эътимоди мизоҷон имконпазир аст.

Бренди муваффақ бояд доимо сатӽи баланди хизматрасониро, ки ба талаботи мизоҷон ҷавобгӯ аст, тасдиқ намояд. Мо кӯшиш менамоем, ки минбаъд низ баӽри таъмини дастрасии хизматрасониӽои бонкии баландсифат ба мардум кору фаъолият мебарем» - иброз дошт Акбар Назаров, Раиси Раёсати ҶСК «Бонки Эсхата».

Маросими ҷоизасупорӣ дар Кохи Суруши ш.Душанбе баргузор гардид. Аз Бонки Эсхата Фуркат Хасанов, директори филиали ҶСК «Бонки Эсхата» дар ш.Душанбе иштирок кард.

Озмуни ҷумҳуриявии “Бренди сол”, таҳти шиори «Қуллаи Шараф» –аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад. Иштирок дар Озмуни мазкур обрӯи ширкатро бонуфуз гардонида, маъруфияти ширкатро баланд мебардорад ва ба болоравии рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшаванда ё хизматрасонӣ дар бозор мусоидат менамояд.


Возврат к списку

ба боло