Воситаӽои фаврии қабули маблағ дар Бонки Эсхата!
11.12.2019

Воситаӽои фаврии қабули маблағ дар Бонки Эсхата!

Имкониятӽои ирсол ва қабули воситаӽои пулӣ имрӯз яке аз мавзӯъӽое мебошад, ки мавриди муӽокима қарор дорад, зеро талабот ба бозори интиқоли пулӣ байни аӽолӣ калон аст.
Маӽз барои ӽамин айни ӽол вазифаи асосии Бонки Эсхата таъмин намудани воситаӽои гуногуни дастрасӣ барои қабули маблағ аз хориҷа ба ӽисоб меравад.
Аз кадом воситаӽои ирсол ва қабули маблағ мизоҷони Бонки Эсхата метавонанд истифода намоянд?
Дида мебароем:
1.    Ирсол ва қабули маблағ тариқи низомӽои интиқоли пулии Юнистрим ва Контакт, ки айни замон ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистон пайваст шудаанд. Маблағи ирсолшударо метавонед мисли ӽамеша аз филиалӽо ва марказӽои хизматрасонии бонкӣ дастрас намоед. Махсус барои мизоҷон хазинаӽои бегоӽирӯзӣ ва шабонарӯзӣ фаъолият мебаранд, суроғаи чунин марказӽоро аз ин ҷо дарёфт карда метавонед: http://www.eskhata.com/about/bank/branches.php
2.    Ирсоли маблағ тариқи барномаи «Сбербанк Онлайн» ба корти гирандаи маблағ. Барои ин ирсолкунандаи маблағ бояд дорандаи корти Сбербанк бошад ва бо барномаи «Сбербанк Онлайн» бо истифода аз интернет ва телефон маблағро ба корти гирандаи маблағ дар Тоҷикистон (корти локалӣ ё корти Ягона) ирсол намояд. Хизматрасони шабонарӯзӣ дастрас буда, шуморо аз ташриф ба бонк ва интизорӣ дар навбат озод мекунад. Маблағи ба корт ирсолшударо метавонед аз банкоматӽои Бонки Эсхата дар вақти бароятон куллай гиред. Барои шиносоӣ бо маълумоти муфассал оид ба хизматрасонии мазкур ба ин чо гузаред http://eskhata.com/about/news/4365/
3.    Ирсол ва қабули маблағ бо низомӽои «Юнистрим» ва «Контакт» ва қабули он ба корт тариқи сомонаи Бонки Эсхата. Дар саӽифаи асосии сомонаи бонк «Получить перевод на карту» дарёфт намоед ва бо ворид кардани маълумоти лозима барои иҷрои амалиёт машғул шавед. Маблағ ба корт гузаронида мешавад http://eskhata.com/
Пардохти комиссия аз руи тарофаӽои тасдиқшуда амалӣ мегардад.
Савол пайдо шуд? Ба 808 занг занед ё ба мутахассисони бонк муроҷиат намоед.
Маблағро аз бонк мегиред ё бо истифода аз воситаӽои мобилии замонавӣ дастрас мекунед? Интихоб дар дасти Шумост!
Бонки Эсхата – мо наздиктар мешавем!




Возврат к списку

ба боло