«Гол барои Эсхата» дар вилояти Суғд!
14.11.2019

«Гол барои Эсхата» дар вилояти Суғд!

Бахшида ба 25-солагии Бонки Эсхата чемпионат оид ба мини футбол байни филиалӽои вилояти Суғд баргузор гардид. Чемпионат аз санаи 13 октябр то 10 ноябри соли 2019 дар варзишгоӽи Сартуқай гузаронида шуд. Ӽамаги 8 дастаӽо бо ӽам қувваозмоӣ карданд. Баъзе филиалӽо дастаӽои яккачин ташкил карданд. Мусобиқа дар сатӽи баланд гузаронида шуд, ки дар фазои дустӣ ва рақобати солим гузаронида шуд, зеро футбол қисми маданияти корпоративии бонк ба ӽисоб меравад.

Барои ҷои сеюм дастаӽои Истаравшан-Конибодом ва Исфара бо ӽам бозӣ карданд. Бозӣ бар манфиати дастаи Истаравшан бо ӽисоби 14:4 анҷом ёфт. Барои чои якум дастаӽои Хуҷанд-Ашт ва Мастчоӽ рақобати сахт нишон доданд. Даври финалӣ бо ӽисоби 4:2 бо ғолибияти дастаи филиали Хуҷанд ба итмом расид.

Дар маросими мукофотонии ғолибон роӽбарони Бонк ва директорони филиалӽо ширкат варзиданд. Дастаӽои ғолиби чемпионат бо сипосномаӽо, медалӽо, туӽфаӽои пулӣ ва ҷои аввал бо Ҷоми Эсхата сарфароз гардонида шуданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти Чемпионат чун анъана ному насаби бозингарони беӽтарин эълон карда шуд:

Зоир Музаффаров, корманди филиали Ашт, унвони «Дарвозабони беӽтарин», уновони «Муӽофизатгари беӽтарин» ба корманди филиали Исфара – Мухаммадчон Узоков ва уновони «Ӽамлагари беӽтарин» ба Шаӽбоз Бобоҷонов, унвони «Нишонзани беӽтарин» ба корманди филиали Истаравшан Аъзамчон Ӽусейнов муяссар гардид. Ситораи нави чемпионати мазкур, ки бори нахуст дар мусобиқа ширкат варзида маӽорати хуби футболбозиро нишон дод -корманди филиали Хуҷанд Мирзорауф Умаров ба даста ӽамроӽ шуд.

Чуноне, ки сармуррабии дастаи яккачини «Эсхата» Ниезали Бобохонов иброз дошт, дар натиҷаи ҷамъбасти Чемпионат бозингарони беӽтарин барои ӽамроӽ шудан ба дастаи яккачини «Эсхата» интихоб карда мешаванд.

Бори дигар ғолиби чемпионат дастаи филиали «Хуҷанд»-ро бо ишғоли ҷои аввал самимона табрику муборакбод менамоем!

 


Возврат к списку

ба боло