07.11.2019

Бонки Эсхата ба ӽафтаи байналмиллалии пасандоз ӽамроӽ шуд!

Дар марӽилаи дуюми моӽи октябр ӽамаи филиалӽои «Бонки Эсхата» дар якҷоягӣ бо Бонки Миллии Тоҷикистон ва Фонди хазинаӽои пасандозии «Sparkassenstiftung» «Рузи дарӽои кушод» ташкил карданд. Чорабиниӽо ба ӽафтаи байналмиллалии пасандоз ва 25-солагии Бонки Эсхата бахшида шудаанд.

Ӽадаф аз баргузории чорабинӣ омузондани маданияти пасандозкунӣ, баланд бардоштани сатӽи маърифатнокии молиявии мардум, шиносоӣ бо хизматрасонихои бонкӣ.


Аз тарафи кормандони масъули филиалӽои Бонки Эсхата барои толибилмони синфӽои 5-8 ва 9-11-и мактабӽои шаӽру ноӽияӽои ҷумӽурӣ семинарӽо гузаронида шуданд. Барномаи семинар бисер пурмазмун буд: дар рафти он мавзӯъи семинар бо викторина ва бозиӽои гуногуни шавқовар гузаронида шуданд.

Дар семинар бештар оид ба таърихи пайдоиши пул, муӽимияти ҷамъ кардани маблағ, тарзи дурусти муомила бо пул ва буҷаи оилавӣ сухан карда шуд. Инчунин дар доираи ӽафтаи байналмиллалии пасандоз байни мактабӽо озмуни «Пулҷамъкунаки беӽтарин» эълон гардид, ки барои толибилмон имконияти хуби сайри хаёлот ва ихтироъкориро фароӽам овард.

Фаъолтарин иштирокчиени семинарӽо, инчунин муаллифони 10 адад пулҷамъкунакӽои беӽтарин ба Бонк ба рузи дарӽои кушод даъват карда шуданд. Инчунин кӯдакони кӯдакистонӽо дар чорабини ширкат варзиданд ва фазои зебову идона бахшиданд.

Он ӽафта – воқеъан ӽам хафтаи идона буд, зеро тавонистем на танӽо барои баланд бардоштани маърифатнокии молиявии мардум саӽмгузор бошем, балки барои меӽмонони хурдсол иди ӽақиқиро тақдим намоем, то ки дар хотираи онӽо то дер боз нақш бандад. Дар навбати худ хурдсолон истеъдоди шеърхонӣ, раксу сурудхониро нишон дода диққати ӽозиринро бо баромадӽои худ ҷалб намуданд.

Ба ӽамаи меӽмонон ва иштирокчиени озмуни «Пулҷамъкунаки беӽтарин» тӯӽфаӽо ва варақаӽои рекламавии Фонди хазинаӽои пасандозии «Sparkassenstiftung», тақдим гардид. Ғолибони озмун бошад бо туӽфаӽои арзишнок аз Бонки Эсхата сарфароз гардонида шуданд.

Зиеда аз 3300 хонандагони мактабӽо иштирокчии чорабини гаштанд, ки аз ҷониби Бонки Эсхата ташкил карда шуда буд ва зиеда аз 1470 нафар ӽамчун меӽмонони «Рӯзи дарӽои кушод» аз кайд гузаштанд.