Дар ш.Душанбе Форуми сармоягузории  «Сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон: Дастовардӽо ва рушд» баргузор гардид
15.11.2019

Дар ш.Душанбе Форуми сармоягузории «Сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон: Дастовардӽо ва рушд» баргузор гардид

Бонки Эсхата дар ӽайси сарпарасти кулли Форуми сармоягузории «Сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон: Дастовардӽо ва рушд» баромад кард, ки санаи 15 ноябри соли равон дар «Hyatt Regency Dushanbe» баргузор гардид. Форум бо дастгирии Ӽукумати Ҷумӽурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Ӽукумати ш.Душанбе гузаронида шуд. Ташкилкунандаи Форум Ассотсиатсияи ташкилотӽои молиявии хурди Тоҷикистон.
Форум зиеда аз 150 нафар иштирокчиёнро ҷамъ намуд, ки дар байни онӽо намояндагони Давлату Ӽукумати ҶТ, Бонки миллии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотӽои молиявии байналхалқӣ шарикон ва сармоягузорон, соӽаи бонкдории кишвар, бизнес-ассотсиатсияӽо, мушовирон ва намояндагони васоити ахбори умум даъват шуданд.
Мавзӯъи форум бо назардошти муӽимияти масъалаи ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ба кишвар, бо мақсади муайян намудани душвориӽову мушкилиӽо ва қабули чораӽои зарурӣ баӽри беӽтарсозии фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоягузорони нав, интихоб шудааст.
Дар маросими кушодашавии Форум баромад карданд: Муовини Раиси БМТ – Салимова Л.Д., Муовини Раиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ – Анвари Н., Муовини Вазири молияи ҶТ – Маҷиди Юсуф Хайрулло,  Сардори кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ӽукумати ш.Душанбе – Шоӽталбзода М., Намояндаи доимии БАТР дар Точикистон – Рустамова А., Роӽбари лоиӽаи Корпоратсияи Байналмиллалии Молиявӣ– Одинаева З.
Дар рафти кори Форум имкониятӽои сармоягузории ҶТ, омилӽои муайяншавандаи ҷалби сармояи хориҷӣ ба Ҷумхурӣ, устувории макроиқтисодӣ ва хавфӽои эӽтимолӣ муӽокима карда шуданд.
Инчунин  спикерни Форум атрофи мавзӯъӽои зерин баромад карданд: «Чалби сармояи хориҷӣ: ӽолати ҷорӣ ва стратегияи ояндаи рушд», «Принсипӽои асосии ҷозибадории ташкилотӽои молиявӣ барои сармоягузорон. Чашмдошт ва муаммоӽо», «Ҷалби бомуваффақияти сармоя бо асъори хориҷӣ барои дастгирӣ ва рушди иқтисодиети Тоҷикистон. Роӽӽои ӽалли муаммоӽо» ва дигар.

Чуноне, ки директори иҷроияи АТМХТ Фаттидинова З. иброз дошт,  чорабиниӽои мазкур майдончаи пайвасткунанда байни иштирокчиени соӽаи молиявии кишвар, давлату Ӽукумат ва  ташкилотӽои байналхалқӣ мебошад, ки баӽри мубодилаи ахборот, таҷрибаи бузург ва оғози ӽамкориӽои нав мусоидат мекунад. Хурсандиовар он аст, ки шумораи зиеди ташкилотӽои сармоягузорӣ даъвати моро қабул карда, бо иштироки худ муӽимии чорабинии моро дучанд гардониданд.
Умедворем, ки имруза кори муштараки мо, ки дар доираи Форуми сармоягузори пурсамар анҷом меёбад, барои ӽар як иштирокчии форум манфиат меорад.
Бояд қайд кард, ки дар доираи Форум намоиши маӽсулотӽои ӽунармандони кишвар, маӽсулотӽои бонкӽо ва ташкилотӽои карзии хурд ташкил карда шуд. Меӽмонони чорабинӣ, ки аксарияти онӽоро намояндагони ташкилотӽои байналхалқи ташкил дод, тавонистанд аз маӽсулоти ӽунари дастии миллӣ харидорӣ намоянд.
Кори Форуми сармоягузории «Сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон: Дастовардӽо ва рушд» ба охир расид. Ташкилкунандагони форум бори дигар ба иштирокчиен ва меӽмонони чорабинӣ барои шавқмандию фаъолнокӣ изӽори сипосманди намуда, ҷамъбасти кори форумро пурсамар меӽисобанд.



Возврат к списку

ба боло