Табрикоти Раиси Раёсати ҶСК «Бонки Эсхата»  ба муносибати зодрузи Бонк
29.11.2019

Табрикоти Раиси Раёсати ҶСК «Бонки Эсхата» ба муносибати зодрузи Бонк

Саҳомон, мизоҷон ва шарикони муҳтарам!

Ӽамкорони гиромиқадр ва аъзоёни Шӯрои нозирон!

Соли 2019 бо санаи бароямон хотирмон ба охир расида истодааст, зеро 29 ноябр Бонки Эсхата 25 сола мешавад. То ба имрӯз Бонк роӽи бузурги шавқовари ӽаётиро тай кард: тавлид ёфт, қадамӽои аввалинро гузошт, ба воя расид, омӯхт, соӽиби малака гардид. Умуман, тамоми марӽилаӽои ташаккул ва рушдро паси сар кард.

Мо ҷустуҷӯ мекардем, кашф менамудем, муваффақияти аввалинро хурсандона қабул мекардем, хатогиӽоро ислоӽ карда душвориӽоро бартараф мекардем, пешпо мехурдем, аммо боз ба по меистодем, лекин дар ӽар ӽолат ба сӯи ояндаи дурахшон менигаристем, ба пеш ӽаракат карда, ба ӽадафӽои худ мерасидем. Сол аз сол мо ба суръати баланди рушд муяссар мешудем. Нақшаӽои Бонкро бо муваффақият дар амал татбиқ намудем.

25 сол – нишондиӽандаи синну солии ҷиддӣ барои Бонк аст, ки он дорои таърих ва анъанаӽои хуби касбӣ мебошад. Бори нахуст Бонки Эсхата дар даврони ташаккул ёфтани истиқлолияти давлатии Ҷумӽурии Тоҷикистон аз ҷониби яке аз инсонӽои гиромиқадр, асосгузори Бонки Эсхата, саӽмдори фахрӣ Диловар Маҷидович Носиров, ки ғояи назарраси худро ба рушди низоми бонкии Тоҷикистон гузоштааст, таъсис дода шудааст.

Имрӯз Бонки Эсхата ин яке аз бонкҳои пешрафта ва низомсози кишвар аст,  ин базаи миллионаи мизоҷон, шарикони боэътимод, Бонки инноватсионӣ, дастаи муттаӽиди кормандони ботахассусу кордон ва ӽамқадами замона.       

Хурсандиовар аст, ки соӽаи бонкдории кишвар хамаҷониба аз тарафи Ҳукумати мамлакат, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомотӽои давлатӣ дастгирӣ меёбад. Маӽз ба туфайли ин дастгириӽо, муӽити хуби мусоид барои рушди босуботи соӽаи бонкдорӣ фароӽам мегардад. Бонкӽо дар якҷояги бо мақомотӽои давлатӣ лоиӽаӽои гуногунро ҷорӣ менамоянд, оид ба мустаӽкам намудани эътимод ва ташаккулебии низоми пурзӯри бонкии кишвар кӯшишӽо ба харҷ медиҳанд.

Албатта, бояд қайд намоем, ки барои соӽаи бонкдорӣ дар умум ва ӽамчунин барои Бонки Эсхата низ, марӽилаи душвори буӽрони молиявии чаӽонӣ таъсири манфии худро расонида буд. Аммо буӽрони мазкур нагузошт, ки мо ба сустиродагӣ роӽ диӽем, баракс, мо тавонистем боз ӽам пурқувват, матонату устувор гардем. Кӯшиш кардем, ки ба пои худ устувор бошем, зеро вазифаи аввалиндараҷаи мо нигоӽ доштани боварии мизоҷону шарикон буд. Тамоми ғайрати мо баӽри иҷроиши нақшаи зиддибуӽронӣ равона гардид. Дар натиҷа, Бонки Эсхата тавонист аз ӽолати душвори буӽронӣ барояд. 

Дар ин рӯзи неки зодрӯзӣ, мехостам ба ӽар як корманде, ки ӽаёту фаъолияти худро бо Бонки Эсхата пайваст намуд, барои онӽое, ки донишу малака, маӽорат ва қувваи худро баӽри рушди босуботи Бонк равона карда истодааст, барои онӽое, ки новобаста аз даврони душворӣ ба Бонк содиқ монд, миннадории самимии хешро баён созам. Изҳори сипосмандиро барои боварӣ ба дурнамоиӽои калони Бонк, барои ӽамкории пурсамар, меӽнати софдилона ва ӽамдигарфаӽмӣ мерасонам.

Дар пеш моро ӽадафӽо ва вазифаӽои нав, барномаӽои шавқовар, лоиӽаӽои манфиатбахш, тараққиёт ва пешравӣ интизор аст. Боварӣ дорам, ки дар якҷоягӣ мо барои расидан ба ӽадафӽои стратегии Бонк кӯшиш ба харҷ медиӽем. Бо истифода аз имкониятӽои мавҷуда ба мизоҷони худ наздиктар мешавем. Мо баӽри ҷорӣ намудани барномаӽои технологӣ ва инноватсионӣ кору фаъолият мебарем, то барои мизоҷони худ дастрасиро ба хизматрасониӽои молиявӣ боз ӽам осону қуллай намоем. Ӽамзамон, баӽри баланд бардоштани сатӽи зиндагии мардум мусоидат менамоем.

Моро зарур аст, ки ӽамкории судмандро бо шарикони нав ба роӽ монда, муносибатӽои мавҷудбударо бо шарикону мизоҷони худ мустаӽкам намоем. Баӽри рушди иқтисодиети кишвар саӽмгузор бошем, дар самти дастгирии соӽибкорӣ ва рушди соӽаи саноат кору фаъолият намоем. Бигзор саӽми Бонки Эсхата баӽри мустаӽкамии иқтисодиети Тоҷикистон судманд бошад!

Дар ин рӯзи фархундаю саид бароятон саломатии қавӣ, беӽбудии оилавӣ, меӽру муӽаббати пайвандон, муваффақиятӽои беназир ва музаффариятӽои нав ба навро таманно дорам!  

Ҷашни 25-солагии Бонки Эсхата муборак бошад, ӽамкорони гиромӣ!

Бо эӽтиром,

Раиси Раёсати  ҶСК «Бонки Эсхата»

Назаров А.А.


Возврат к списку

ба боло