Интиқоли фаврӣ аз Россия ба корт!
02.10.2019

Интиқоли фаврӣ аз Россия ба корт!

Диққат! Хушхабар барои онӽое, ки аз Россия ба Тоҷикистон маблағ интикол медиӽанд. Акнун барои Шумо интиколи пулӣ дар формати нав: интиқол аз корти Сбербонк ба корти Бонки Эсхата, тариқи барномаи мобилии «Сбербанк Онлайн» дастрас аст.

Хизматрасонии мазкур дар асоси шартномаи ӽамкории бонкӽо, бо мақсади осон кардани раванди интиқоли пулӣ барои муӽоҷирони меӽнатӣ ҷорӣ гардидааст.

« Мо шодем, ки барои дастгирии муӽоҷирони меӽантӣ ва оилаи онӽо имконияти нави замонавиро метавонем пешкаш намоем. Хизматрасонии мазкур хеле қулай буда, вақти мизоҷонро сарфа ва раванди интиколи маблағро осон мегардонад. Акнун бе интизорӣ дар навбат ва бе ташрифоварӣ ба бонкӽои Россия, муӽочироне, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд, маблағӽои худро метавонанд ба наздиконашон дар Тоҷикистон интикол диӽанд. Иқдоми мазкур қадами навбатӣ ба сӯи беӽтаргардонии сифати хизматрасонӣ аст- иброз дошт сардори Департаменти тиҷорати чаканаи ҶСК «Бонки Эсхата» Шӯӽратҷон Қосимов.

Игорь Мамонтов, ноиби-президенти «Сбербонк», директори шӯъбаи «Пардохтӽо  ва интиколӽо»:

«Мо рушди ӽамкориро бо шарикони хориҷӣ идома медиӽем ва сервиси навро, ки бо истифода аз рақами телефон ва барномаи «Сбербанк Онлайн» имконият медиӽад маблағро ба Точикистон интикол намоянд, ҷорӣ кардем. Бояд қайд кард, ки раванди интиқол хеле осон буда, муӽимаш шаффофияти шартӽои комиссияро нишон медиӽад»

Зикр кардан лозим аст, ки ӽангоми қабули интиқоли пулӣ, маблағ ба корти Бонки Эсхата бо асъори миллӣ мегузарад. Маблағи интиколшударо аз банкоматӽои Бонки Эсхата гирифта метавонед. Барои Шумо зиеда аз 100 банкоматӽо дар ӽудуди шаӽру ноӽияӽои Точикистон шабонарӯзӣ ва бе истироӽат фаъолият мебаранд.

Наздикони Шумо аз Россия маблағ интиқол медиӽанд? Хоӽиш кунед, ки ба корти Бонки Эсхата тариқи «Сбербанк Онлайн» интикол намоянд!

«Сбербанк Онлайн» - интиқоли пулӣ дар корти Шумо!


Возврат к списку

ба боло