Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
05.11.2019

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Шуморо бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - кафили сулҳу суботи кишварамон табрику муборакбод менамоем. 25 сол қабл 6 ноябр Конститутсияи давлат қабул шуда буд, ки он яке аз омилҳои ҳимояи ҳамдилии мардум ва сулҳу ягонагии ҷамъият мебошад.

Ба Тоҷикистони азизамон ва ба ҳар як сокини он пешравию осудаҳолӣ, беҳбудию гулгулшукуфиро орзумандем. Бигзор ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ дар дили ҳар як фарди миллат нурафшон бошад. Бигзор дар ҳар як хонадон сулҳу осоиштагӣ, дӯстиву хушбахтӣ, хандаи беғаши кӯдакон ва дастархони пур аз нозу неъмат пойдор бошад.

Иди Конститутсия муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Бо эҳтиром, Бонки Эсхата!


Возврат к списку

ба боло