Акcияи «Амали Орзуӽо»: Қарз гирифта, яхдон бурд кардам!
18.09.2019

Акcияи «Амали Орзуӽо»: Қарз гирифта, яхдон бурд кардам!

Бахшида ба 25-солагии худ, Бонки Эсхата соли ҷорӣ силсила аксияӽоро барои мизочони худ эълон карда буд, аз он ҷумла барои мизоҷони қарзии бонк низ эълон кард. Шахсе, ки аз Бонки Эсхата қарз мегирад, иштирокчии аксия гардида, имконияти бурди 150 000 сомониро пайдо мекунад!

Аксия аз 5 марӽила иборат буда, дар ҷамъбасти ӽар яки он 9 нафар ғолибон муайян карда мешаванд.

Хотиррасон менамоем, ки ғолибони 2 марӽилаи аввали аксия аллакай соӽиби туӽфаӽои худ гаштанд: барои ғолибони даври аввал корти бонки бо дизайни индивидуалӣ ва 1000 сомони дар суратхисоби корт ва барои ғолибони даври дуюм телефонӽои мобилии Самсунг А 50 тақдим гардид.

Марӽилаи сеюми аксия рузӽои гузашта ҷамъбаст гардид, ки дар натиҷаи ҷамъбасти он 9 нафар ғолибон муайян шуданд. Ба эшон яхдонӽои тамғаи Самсунг тақдим карда шуд.

Ғолибонро муборакбод менамоем:

Назаров Сафархон

Ӽасанов Азам

Раззоқова Моӽигул

Тошмуродова Қимматой

Қаюмова Махфират

Ӽайдарова Сарварой

Мирзоева Фирузахон

Шамсов Сафарали

Гиёсидинов Ӽусейнҷон

«Боварим набуд, ки бурд мекунам, аммо ғолибиятро ба даст овардам. Хеле хурсандам. Яхдон дар ӽаёти рузмарра чизи даркорӣ аст. Бо Бонки Эсхата 5 сол аст, ки хамкорӣ мекунам. Қаблан аз хизматрасонии амонатӣ истифода кардам. Пас аз тавлиди кӯдак, барои эӽтиёҷотӽои шахсиам қарз гирифтам. Вақте аз бонк ба ман занг заданд, ӽайрон шудам, зеро барои ғолибият бовари надоштам. Туӽфаи бурдро ӽамчун тӯӽфа ба муносибати тавлиди писарам қабул мекунам, зеро фикр мекунам, ки ин ғолибият маӽз ба шарофати тавлиди дӯстрӯякам мебошад» - мегӯяд Моӽигул Раззоқова аз ш.Хуҷанд

Шумо низ иштирокчии аксия шуда метавонед. Барои ин танӽо аз Бонки Эсхата қарз гиред.

Бояд қайд кард, ки моӽи октябр марӽилаи чоруми аксия ҷамъбаст мегардад. 9 адад мошинаӽои ҷомашуӣ аллакай соӽибони худро интизоранд!

Бурди асосии аксия 150 000 сомони!

Маълумоти муфассал тариқи телефони 808! Инчунин метавонед ба коршиноси қарзиатон муроҷиат намоед!

 «Амали Орзухо» – орзуӽоятон амалишаванда аст!

Бонки Эсхата – 25 сол ӽамроӽи Шумо! 

 

 

 


Возврат к списку

ба боло