Пардохти ғайринақдии харид аз Интернет мағозаӽо
30.07.2019

Пардохти ғайринақдии харид аз Интернет мағозаӽо

Ҷаӽони муосир фаъолона ба хароҷотӽо аз интернет гузариш дорад. Шумо ӽам агар дорандаи корти байналхалқии VISA – и Бонки Эсхата бошед, аз ин амали муосир истифода бурда метавонед.

Аммо барои пардохти бехатар тариқи корт дар интернет мағозаӽо корти Шумо бояд ба технологияи 3D Secure пайваст бошад. 3D Secure – ин технологияи муосиртарини таъминоти пардохти бехатарии корт дар шабакаӽои интернетӣ мебошад, ки ба туфайли он метавонем идентификатсияи дорандаи кортро, ки амалиетро ичро менамояд муайян намуда, хавфи амалӽои қаллобиро паст намоем.

Чӣ тавр бояд бо кортӽои байналхалқии Бонки Эсхата дар интернет мағозаӽо пардохт намоем?

1.     Ӽангоми пардохт бо корт маълумоти зеринро, ки сомона дархост менамояд, дароред:

·        Рақами корт ва муӽлати амали он

·        Ному насаби дорандаи корт

·        СVС рақами корт

2.     Агар корти Шумо ба хизматрасонии 3DS пайваст бошад, пас ӽангоми пахши тугмачаи “Оплатить”, ба телефони Шумо СМС паёмак бо рамзи (пароль) яквақта меояд.

3.      Рамзро дароред. (вақти рамздарори маӽдуд аст) ва пардохти Шумо тасдиқ мегардад.

Бонк тавсия медиӽад, танӽо дар он интернет-мағозаӽо бо корт пардохт намоед, ки ба низоми 3D Secure пайваст мебошанд. Онро бо рамзи Verified by Visa дарефт кардан мумкин аст. Инчунин он дорои рамзи муӽофизатии //https мебошад.

Барои пайваст шудан ба 3D Secure ва барои гирифтани маълумот оид ба хизматрасонӣ ба маркази тамоси бонк бо рақами 808 муроҷиат намоед.

P.S. Ӽеҷ гоӽ ПИН-коди корти худро ба касе нагӯед! Ягон сомона ё корманди бонк ӽақ надорад, ки ПИН-коди Шуморо пурсон шавад, зеро ин маълумоти махфӣ аст, ки танӽо ба дорандаи корт аён бояд бошад.

Барои хароҷот аз интернет –мағозаӽо корт надоред? Ба Бонки Эсхата фармоиш диӽед. Муӽлати омода шудани корт аз 2 то 5 рузи корӣ!

Бо намуди кортӽо аз сомонаи мо шинос авед:  http://eskhata.com/individuals/bank_cards/bank_card_types.php

 

 

 


Возврат к списку

ба боло