Хуҷанд ҷои аввалро гирифт!
11.07.2019

Хуҷанд ҷои аввалро гирифт!

Азбаски футбол қисми ҷудонашавандаи маданияти корпоративии Бонки Эсхата маҳсуб меёбад, аз оғози фаъолияташ Бонк ба ин намуди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, сарҷамъ намудани кормандон ва пайдо намудани рақобати солим таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунад.

Бахшида ба 25-солагиаш, Бонки Эсхата чемпионати ҷумҳуриявиро оид ба футбол барои дарёфти “Ҷоми Бонки Эсхата” ташкил намуд.

Бозиҳои мазкур ҳамзамон бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани мақоми футбол дар ҳаёти онҳо гузаронида шуданд.

Аз санаи 6-ум то 10 уми июли соли ҷорӣ дар Мактаби варзишии наврасону бачагони №1 ш.Хуҷанд, мусобиқаи футбол ҷараён гирифт, ки дар он 8 дастаҳои мактабҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок доштанд.
10 уми июл даври финалии Чемпионат буд, ки дар ҷамъбасти он ғолибон ва беҳтарин бозингарон муайян гардида, бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Бозиҳо дар сатҳи баланд гузаштанд, бозингарон фаъол ва бо як қувваю неруи калон маҳорати варзишии худро нишон доданд. Дар натиҷа ҷои аввал насиби дастаи мактаби махсуси варзишии шаҳри Хуҷанд, ҷои дуюм насиби дастаи мактаби варзишии шаҳри Истаравшан ва ҷои сеюм насиби мактаби варзишии Дусти гардид.
Дар бозиҳо ташкилкунандагони Чемпионат ва меҳмони даъватшуда аз Федератсияи футболи вилояти Суғд иштирок доштанд.
Ҳамзамон беҳтарин бозингарон қадршиносӣ шуданд. “Дарвозабони беҳтарин” Беҳзод Ҳакимов аз дастаи Истаравшан,  Алишер Ҳошимов “Ҳимоятгари беҳтарин”,  Файзулло Иброҳимов “Нимҳимоятгари беҳтарин”, Муҳитдин Салоҳитдинов “Нишонзани беҳтарин” ва Ҳайдаршоҳ Худойдодов бозингари беҳтарин дониста шуданд.
Дар ҷаҳорчӯбаи мусобиқа ҳамчунин бозии футбол байни дастаҳои шаҳри Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи марказ баргузор мегардад. Дар натиҷа беҳтарин дастаҳои ду минтақа барои дарёфти “Суперҷоми Эсхата” мубориза мебаранд.
Ба ғолибони бозиҳои минтақавӣ медал ва “Ҷоми Бонки Эсхата” тақдим карда шуд. Ҳамаи дастаҳоро барои иштирок ва ғолибият муборакбод мегуем.  Ҳамеша чунин пешсаф бошед!


Возврат к списку

ба боло