Мусобиқаи ҷумӽуриявӣ ва минтақавӣ  оид ба футбол барои дарёфти «Ҷоми Бонки Эсхата» оғоз шуд !
08.07.2019

Мусобиқаи ҷумӽуриявӣ ва минтақавӣ оид ба футбол барои дарёфти «Ҷоми Бонки Эсхата» оғоз шуд !

Санаи 6.07.2019 «Мусобиқаи ҷумӽуриявӣ ва минтақавӣ оид ба футбол байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Бонки Эсхата, бахшида ба 25-солагии Бонки Эсхата» дар вилояти Суғд оғоз шуд.

Мусобиқа дар Мактаби варзишии кӯдакону наврасони № 1 ш.Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он дастаӽои футболи шаӽру ноӽияӽои гуногуни вилояти Суғд фаъолона ширкат варзиданд. Бозингарони дастаӽои футбол аз бачагону наврасони соли таваллудашон 2005-2006 иборат буда, дастаӽои беӽтарин барои иштирок дар мусобиқа даъват карда шуданд.

Дар маросими кушодашавӣ ӽамагӣ 8 даста байни ӽам қувваозмоӣ намуда, аз байни онӽо 4 адад дастаӽои беӽтарин ба давраи нимфиналии мусобиқа роӽ ёфтанд. Бозӣ байни дастаӽои зерин ва бо чунин натиҷаӽо анҷом дода шуд:

·        Дастаи «Мактаби махсуси вилоятӣ» 8:0 Дастаи «Мактаби варзишии Дусти»

·        Дастаи «Мактаби варзишии Б.Гафуров» 3:1 Дастаи «Мактаби варзишии Бустон»

·        Дастаи «Мактаби варзишии Истаравшан» 6:1 Дастаи «Садафи Хуҷанд»

·        Дастаи «Мактаби варзишии Ҷ.Расулов»  7:2 Дастаи «Спартаки Хуҷанд»

Гузориши иттилоотии варзишӣ аз рафти маросими кушодашавии Мусобиқа шоми имрӯз аз телевизионӽои «ТВ Суғд», «СМ-1» ва «ТВ 7 Ситораӽо» соати 18:00 намоиш дода мешавад.

Мусобиқа ба таври гурӯӽи гузаронида шуда, аз санаи 6.07.2019 то 10.07.2019 дар вилояти Суғд давом меёбад. Бояд қайд кард, ки ӽамин гуна мусобиқа инчунин дар Душанбе ва НТМ баргузор мегардад, ки дар натиҷа дастаӽои ғолиб аз вилояти Суғд ва дастаӽои ғолиб аз пойтахт ё ноӽияи тобеъи марказ барои дарёфти «Ҷоми Бонки Эсхата» мубориза мебаранд.

Кӣ ба даври финалӣ роӽ меёбад? Мусобиқа бо кадом натиҷаӽо анҷом дода мешавад? Кадом даста ниӽоят соӽиби «Ҷоми Бонки Эсхата» мегардад?

Барои посух гирифтан ба ин саволӽо моро дар сомона, шабакаӽои иҷтимоӣ ва ВАО пайгирӣ намоед!


Возврат к списку

ба боло