Ҷаласаи кории намояндагони БМТ бо кормандони Бонки Эсхата
26.06.2019

Ҷаласаи кории намояндагони БМТ бо кормандони Бонки Эсхата

Дар Бонки Эсхата вохӯрӣ бо намояндагони Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ) дар доираи Ҷаласаи корӣ оид ба иҷроиши дастуру супоришӽои Асосгузори сулӽу Вахдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон зимни мулоқот бо кормандони соӽаи молия, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ дар санаи 10-уми майи соли 2019 додашуда баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ масъалаӽои фаъолияти соӽаӽои иқтисоди миллӣ баррасӣ гардид.

Ӽадаф аз баргузории вохӯрии намояндагони БМТ бо кормандони Бонки Эсхата ин бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот ва вазифаҳое мебошад, ки иҷрои онҳо барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллии мамлакат муӽим аст.

Аз ҷониби намояндагони БМТ оид ба масъалаӽои гуногуни соӽавӣ ва муаммоӽои мавҷуда суханронӣ шуд, алалхусус дар бораи баланд бардоштани сатӽу сифати кор, пешгирии амалӽои қонунвайронкунӣ, беӽтарсозии идоракунии корпоративӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявии мардум эътибори баланд дода шуд.

Мусоидат дар рушди соӽаи саноат, бахусус истеӽсолоти ватанӣ, ки имрӯз яке аз равияӽои муӽим ба ӽисоб рафта, дар доираи стратегияи чоруми миллии Ҷумӽурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати кишвар эътибори махсус дорад, дар алоӽидагӣ баррасӣ гардид. Таъкид карда шуд, ки Бонки Эсхата, ӽамчун бонки низомсози кишвар дар рушду нумуъи иқтисодиёти ҷумӽурӣ саӽмгузор бошад.

Зеро Сарвари мамлакат зимни суханронии худ ба кормандони соӽаи молия ва бонкдории кишвар таъкид карда, гуфтанд: «Дар назар бояд дошт, ки саҳми низоми бонкӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, махсусан, саноатикунонии кишвар калон буда, фаъолияти муътадили иқтисодиёт аз сифат ва гуногуннамудии хизматрасониҳои бонкӣ вобастагии зиёд дорад».

Дар ин самт Бонки Эсхата дар назди худ якчанд вазифаӽои муӽим гузоштааст. Ин ӽам бошад вусъат додани фаъолият дар доираи дастгирии рушди истеӽсолоти ватанӣ ва ӽамзамон мусоидат намудан баӽри дар амал татбиқ кардани вазифаӽои вобаста ба стратегияи чоруми миллӣ, беӽтаргардонии сатӽу сифати хизматрасонӣ, аз он ҷумла коркард ва таъмини дастрасии аӽолӣ ба хизматрасониӽои замонавии бонкӣ.

 


Возврат к списку

ба боло