Бозпаси 20% аз маблағи қарзӣ барои истифодабарии мақсадноки карз
12.06.2019

Бозпаси 20% аз маблағи қарзӣ барои истифодабарии мақсадноки карз

Панҷ нафар мизоҷони Бонки Эсхата соӽиби грантӽо дар ӽаҷми 20% аз маблағи қарзӣ барои мақсаднок истифода бурдани қарзи ЕСТАР гардиданд, ки аз ҷониби шарики «Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон» – «Идтиӽоди Аврупо» пардохт карда шуд.
Маросими грантсупорӣ дар ФҶСК «Бонки Эсхата» дар н.Ёвон баргузор гардид. Мизоҷон ба ФҶСК «Бонки Эсхата» таалуқ дошта, ба рӯйхати гирандагони грантӽо мизоҷони зерин дохил шуданд:
1.    Артихолов Х.М., Хоҷагии деӽқонии «Аслиддин» - маблағи грант 36 000 сомони
2.    Бобокалонов Л.К., Хоҷагии деӽқонии «Комрончон» - маблағи грант 43 000 сомони
3.    Нуралиев М.А., Хоҷагии деӽқонии «Хочи –Амонкул» - маблағи грант 30 000 сомони
4.    Махмадиев А.М., Хоҷагии деӽқонии «Мавлоно» - маблағи грант 43 000 сомони
5.    Караев М.Ш., Хоҷагии деӽқонии «Шарифбой» - маблағи грант 36 000 сомони
Роӽбарияти филиали Бонки Эсхата дар н.Ёвон мизоҷонро бо натиҷаӽои бомуваффақияти барномаи қарзӣ муборакбод намуда, саӽми муӽими лоиӽаи ЕСТАР-ро дар рушди соӽаи аграрӣ, ки имконияти хуби молиявӣ-техникӣ барои хоҷагиӽои деӽқонӣ маӽсуб меёбад, қайд карданд.
Дар навбати худ мизоҷони Бонки Эсхата, ба кормандони бонк ва шарикони лоиӽаи ЕСТАР «Иттиходи Аврупо» ва «Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд» барои дастгирии саривақтаи соӽаи хоҷагии қишлоқ, имконияти хуб барои беӽтар намудани фаъолият ва дастрасӣ ба маблағгузории имтиёздор изӽори сипосмандӣ намуданд.
Бояд қайд кард, ки дар давраи амалишавии лоиӽа ба дигар мизоҷон аз минтақаӽои гуногуни фаъолияти Бонки Эсхата низ маблағи грантӣ дар ӽаҷми 20% аз маблағи қарзӣ барои самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағи қарз пешкаш карда шуд, ки оид ба ин мавзӯъ дар гузашта мо якчанд маводӽо нашр карда будем.
Хотиррасон менамоем, ки ӽадафи асосии лоиӽаи ECTAP аз мусоидат дар паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва рушди иқтисод дар Тоҷикистон бо роҳи тақвият бахшидани занҷираи арзиши иловашудаи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва сифат ва фурўши маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон иборат мебошад. Маблағи қарзӣ ба  фермерон, барои харидорӣ намудани Техника ва Таҷҳизотҳои кишоварзӣ, таҷҳизотҳои озмоишӣ ва таҷҳизотҳо барои коркарди маҳсулоти хурокворӣ  равона карда шудааст.


Возврат к списку

ба боло