Дастгирии истеӽсолот аз 15% солона!
31.05.2019

Дастгирии истеӽсолот аз 15% солона!

Маблағгузорӣ бо мақсади дастгирии истеӽсолоти ватанӣ имрӯз яке аз равияӽои муӽим аст, ки дар доираи стратегияи чоруми миллии Ҷумӽурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати кишвар эътибори махсус дорад.
Дар навбати худ Бонки Эсхата, ки яке аз муассисаӽои молиявии пешқадами кишвар ба шумор меравад, дар назди худ вазифа гузоштааст. Ин ӽам бошад вусъат додани фаъолият дар доираи дастгирии рушди истеӽсолоти ватанӣ ва ӽамзамон мусоидат намудан баӽри дар амал татбиқ намудани вазифаӽои вобаста ба стратегияи чоруми миллӣ.
Диққати махсуси Бонки Эсхата ба дастгирии соӽаи истеӽсолот дар шарикӣ бо ташкилотӽои байналхалқӣ дида мешавад, масалан: Лоиӽаи ЕСТАР - Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон, ки бо ӽамдастии Иттиҳодияи Аврупо ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар амал татбиқ шуда истодааст, лоиӽаи CLIMADAPT - маблағгузорӣ барои тобоварӣ ба тағйироти иқлим дар Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва Хазинаҳои сармоягузории иқлим (ХСИ) ба роҳ монда шудааст ва лоиӽаи TAF “Тиҷорати молиявӣ” , ки вобаста ба паст кардани хавфӽои фаъолияти мизоҷ ӽангоми воридот ва содироти мол пешбинӣ шудааст. Лоиӽаи охирон аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Рушди Осиё ва Корпоратсияи молиявии байналхалқӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Бояд қайд кард, ки аз руи шартӽои қарзии дар доираи лоиӽаӽои номбаршуда пешниӽодшаванда, мизоҷ ӽамчунин метавонад  аз хизматрасониӽои иловагии техникӣ низ истифода барад.
Баробари ин моӽи феврали соли 2019 Бонки Эсхата оид ба пастшавии назарраси фоизӽои қарз то 6 банд эълон намуд. Пастравии фоизӽо ӽам қарзӽоро барои шахсони воқеъӣ ва ӽам қарзӽоро барои шахсони ӽуқуқӣ фаро гирифт. Қарзӽо ба соӽаи истеӽсолот аз 15% солона, вобаста ба намуд ва шартӽои маӽсулоти қарзӣ пешниӽод мегардад.
Мо омода ӽастем, ки бароятон дар тайер кардани ӽуҷҷатӽо, пешниӽоди маслиӽатӽои муфид оид ба интихоби намуди қарз кӯмак расонем.
Мо шарики рушди тиҷорати Шумоем!


Возврат к списку

ба боло