16.05.2019

Хушхабар! Туӽфаӽои пулӣ соӽибонашро дарёфт карданд!

Даври аввали аксияи «Бурди ҷашнӣ» ба интиӽо расид. Дар натиҷа ду нафар дорандагони кортӽои пардохтии Бонки Эсхата аз Хуҷандшаӽри бостонӣ, ӽар яке соӽиби 2500 сомони гардиданд.

Ба ғолибон Моӽира Исматуллоева ва Аббосҷон Акилов сертификати ғолиби аксия такдим карда шуд. Муборакбодии ғолибон дар маркази савдои  «Анис» ва нуқтаи таъмини сӯзишвории «Сугднефт», ки ғолибони мо маӽз дар он ҷо пардохти ғайринақдӣ карда буданд доир гардид. Сертификати ғолиб аз ҷониби директори ФҶСК «Бонки Эсхата» дар ш.Хуҷанд Фарзин Азимов ва муовини сардори Идораи амалиётӣ Маъсуда Зиёбоева супорида шуд.

Дар сӯӽбати телефонӣ бо мо яке аз ғолибон Моӽира Исматуллоева иброз дошт: «Манзили истикоматии ман дар назди маркази савдои «Анис» дар маӽаллаи 34-ум аст. Бинобар он бисёртар аз ӽамин маркази савдо харид карда, бо корт пардохт мекунам. Пардохти ғайринақдиро бисер осон ва қуллай мешуморам. Вақти мо камтар сарфа мешавад, зеро барои гирифани бақияи маблағи пардохт интизор намешавем. Шодам, ки ғолиби даври аввали аксия гаштам, зеро ин ғолибияти нахустини ман аст. Ба Бонки Эсхата пешравии кор таманно дорам».

Барои гирифтани сертификат писари ғолиб ӽозир шуд.


Абосҷон Акилов мизоҷи доимии «Сугднефт» ва «Бонки Эсхата» мебошад. Ӯ мунтаззам барои харидории сӯзишворӣ ба автомашинаи худ аз хизматрасониӽои "Сугднефт" истифода мебарад. Баробари эълон гаштани Аксияи «Бурди ҷашнӣ» хост бахти худро бисанҷад. Дар аксия ширкат варзида, дар нуқтаи таъмини сузишвории "Сугднефт" бо корт пардохт кард. Пардохташ бурднок гардид.

«Вақте, ки аз Бонки Эсхата ба ман занг зада бо музаффарият табрик карданд, ростӣ фикр кардам, ки касе бо ман шӯхӣ мекунад. Бори дигар пурсон шудам ва боз ҷавоби мусбӣ гирифтам. Корманди бонк барои гирифтани сертификати ғолиб маро ба "Сугднефт" даъват кард. Имрӯз дар даст сертификат дорам, ки барои гирифтани 2500 сомони кафолат медиӽад. Минбаъд ӽам бо корт пардохт мекунам, бисер қуллай будааст. Ба кормандони бонк миннатдории хешро баён мекунам» - гуфт Абосҷон Акилов.


Бояд қайд кард, ки ғолибони аксия тариқи интихоби тасодуфӣ муайян карда мешаванд, бинобар он ба руйхати ғолибон шахсоне ворид мешавад, ки толеъашон баландӣ мекунад.

Бори дигар ғолибони даври аввали аксияи «Бурди ҷашни»-ро самимона табрику муборакбод намуда, дорандагони кортӽои пардохтиро барои иштироки фаъолона дар Аксия даъват менамоем. Имконияти хуби бурди туӽфаӽои пулиро аз даст надиӽед. Хотиррасон мекунем, ки дар панҷ даври аввали аксия туӽфаӽои пулӣ дар ӽаҷми 2 500 сомони ва дар даври ниӽоӣ бурди асосӣ - 25 000 сомони бурд карда мешаванд.

Бо корти Бонки Эсхата дар марказӽои савдо ва хизматрасонӣ пардохт намуда, имконияти бурди туӽфаӽои пулиро ба даст оред! Маблағи пардохти ғайринақдӣ бояд на кам аз 25 сомони бошад.  Ӽар як пардохт ба шумораи ID рақами пешниӽодшудаи иштирокчии аксия баробар аст.

Бо рӯйхати нуқтаӽои савдо ва хизматрасонӣ, ки кортӽои Бонки Эсхата қабул карда мешаванд аз сомонаи бонк шинос шавед:

http://eskhata.com/individuals/bank_cards/atms.php

Корт надоред? Ба Бонки Эсхата фармоиш диӽед!




Возврат к списку

ба боло