Ярмарка дар ДПДТТ баӽри дарёфти кадрӽои арзанда
09.04.2019

Ярмарка дар ДПДТТ баӽри дарёфти кадрӽои арзанда

     Санаи 6 апрели соли равон дар Донишкадаи политехникии Донишгоӽи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар ш. Хуҷанд  ярмаркаи «Интихоби мутахассисони арзанда» баргузор гардид. Дар ярмарка якчанд корхонаву ташкилотӽо, аз он ҷумла муассисаӽои молиявии ш.Хуҷанд ширкат варзида, ҷойӽои  холии корӣ, ҷараени ба кор қабулшавӣ ва талаботӽоро нисбат ба довталабон муаррифӣ намуданд.

     Бонки Эсхата, ки солӽои зиед бо ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар ш.Хуҷанд робитаи пурсамари ӽамкорӣ дорад, барои дарёфти кадрӽои арзанда аз байни зиёда аз 800 хатмкунандагони ин Донишгоӽи бонуфуз дар ярмарка фаъолона ширкат варзид.

     Дар рафти чорабинӣ зиёда аз 30 анкета барои ҷустуҷӯи кор аз ҷониби донишҷуени курсӽои болоӣ пур карда шуданд, қисми дигари донишҷӯён ирсоли анкетаро тариқи онлайн афзал шумориданд.

    Роӽбарияти ДПДТТ ба роӽбарияти Бонки Эсхата барои ӽамкории самарабахш ва пурмаӽсул дар инкишофи таӽсилоти олӣ миннатдории хешро баён намуда, ташаккули робитаи қавии шарикона ва ӽамдигарфаӽмиро байни донишкада ва Бонки Эсхата муӽим арзёбӣ намуданд,. Инчунин боиси ифтихор аст, ки сатӽи баланди кордонии кормандони бонкро махсусан қайд карданд. Ба Бонки Эсхата аз номи директори ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар ш.Хуҷанд муӽтарама Саидӣ Дилафрӯз Раббизода сипоснома супорида шуд.

    Ярмаркаи «Интихоби мутахассисони арзанда» -имконияти хуб барои таъмин намудани мутахассисони оянда бо кор, дастгирии ҷавонон ва имконияти интихоби беӽтарин кадрӽо мебошад.

    Қайд кардан ба маврид аст, ки қисми зиёди кормандони пешсафи бонк, роӽбарону мутахассисони беӽтарин – маӽз хатмкунандагони ДПДТТ ӽастанд, ки барои пешравии фаъолияти Бонки Эсхата саӽми босазо мегузоранд.


Возврат к списку

ба боло