Боз «Эсхата» унвони чемпионро соӽиб шуд!
28.03.2019

Боз «Эсхата» унвони чемпионро соӽиб шуд!

Боз як мусобиқаи футболро бо ба даст овардани унвони Чемпион ҷамъбаст намудем. Дастаи футболи «Эсхата» дар мусобиқаи футболи хурд байни бонкхо ва ташкилотхои молиявӣ, ки бахшида ба иди Навруз дар ш.Хуҷанд баргузор шуд, ғолиб гардид.

Мусобика аз санаи 1 то 21 март дар толори варзишии лагери «Шохин» гузаронида шуд, ки дар он 10 дастаӽои муассисахои молиявии вилояти Суғд аз он ҷумла дастаи «Рахш»-и БМТ, дастаӽои «Ориенбонк», «Арванд», «Имон», «Амонатбонк», «Эсхата» ва дигарон фаъолона ширкат варзиданд.

Дар давраи ҷамъбастии мусобика дастаӽои «Рахш» ва «Арванд» барои ҷои сеюм байни ӽам қувваозмоӣ намуданд, ки дар натиҷаи бозии тезу тунд бо ӽисоби 5:3 дастаи «Рахш» ғолиб омад.

Дар навбати худ барои ишғоли ҷои якум дастаӽои «Эсхата» ва «Сохибкорбонк» талош варзиданд. Бозӣ бо хисоби 6:4 анҷом ёфта, «Эсхата» ҷои якумро ишғол кард.

Ӽамчунин шод аз онем, ки кормандони Бонки Эсхата сазовори унвони бозингарони беӽтарини мусобиқа гардиданд. Хамин тавр, корманди филиали Бонки Эсхата дар ш.Истаравшан Шаӽбоз Бобоҷонов «Нишонзани беӽтарин» ва корманди филиали Бонки Эсхата дар ш.Хучанд «Ӽимоятгари беӽтарин» дониста шуданд.

Маросими қадрдониву ҷоизасупорӣ тариқи ТВ Суғд намоиш дода шуд.

Бояд қайд кард, ки мусобиқаи футболи хурд байни бонкӽо ва ташкилотӽои молиявии вилояти Суғд дар сатӽи баланд ва бо руӽияи ӽарифонаи солим гузаронида шуд. Чуноне, ки сармураббии дастаи «Эсхата» Ниёзали Бобохонов иброз дошт, маӽз якдиливуу ягонаги, саъю кушиш ва дастгирии ӽаводорони футбол дастаи «Эсхата»-ро барои ғолиб шудан водор сохт.

Инчунин қайд карда шуд, ки санаи 31-уми март дар Бонки Эсхата мусобиқаи футбол байни филиалӽои Бонки Эсхата оғоз мегардад, ки дар натиҷа бозингарони беӽтарин ба дастаи «Эсхата» қабул хоӽанд шуд!

Бори дигар ғолиби «Мусобиқа оид ба футболи хурд байни бонкхо ва ташкилотӽои молиявӣ» – дастаи пурзӯри «Эсхата»-ро бо музаффарияти навбатӣ муборакбод намуда, мегӯем: «Оле! Оле! Оле! Оле! Эсхата ба пеш!»


Возврат к списку

ба боло