«Тиллои сафед» барои пахтакорон!
15.03.2019

«Тиллои сафед» барои пахтакорон!

Баҳор – ин айёми бедоршавию шукуфоии табиат ва идҳои баҳорӣ мебошад. Баҳор ин саршавии кишту корҳои баҳорӣ барои деҳқонон аст. Яке аз аломатҳои асосии баҳор ва Наврӯз, яке аз боигариҳои асосии кишвар ин пахта мебошад, ки айёми киштукори он дар фасли баҳор оғоз меёбад. Ва ҳар сол деҳқонони меҳнатдӯст боигарӣ ва ифтихори моро зиёд мегардонанд.   

Бахшида ба баҳор ва Наврӯз, махсус барои пахтакорон Бонки Эсхата маҳсулоти қарзии нави “Тиллои сафед” – ро пешниҳод менамояд.

Дар доираи қарздиҳӣ маблағ аз 1000 то 200 000 сомонӣ барои кишт ва парвариши пахта ба мӯҳлати то 12 моҳ пешниҳод мешавад. Фоизи солона 25% - 26% буда, то 10 моҳ давраи имтиёзӣ барои қарзи асосӣ ва то 4 моҳ барои супоридани фоизи қарз пешниҳод мегардад. 

Шахсони воқеӣ – саҳмдорони Хоҷагиҳои деҳқонӣ, Кооперативҳои истеҳсолӣ ва Кооперативҳои тиҷоратӣ метавонанд аз қарз истифода баранд.

Мо ҳамавақт сӯи мизоҷон барои инкишофи хоҷагии қишлоқ ва манфиати ҳар як мизоҷ наздиктар мешаваем. 

Айёми киштукори пахтаро бо дастгирии қарзии Бонки Эсхата оғоз намоед!

Маълумоти муфассалро оиди маҳсулоти қарзӣ метавонед аз сомонаи мо бинед: http://eskhata.com/tj/individuals/lending/lending_types/#product-4100

Занг занед: 808


Возврат к списку

ба боло