14.03.2019

Атласу адрас ба бар - ба истиқболи Наврӯз омодаем!

Бо мақсади тарғиб ва эӽёи анъанаӽои неки ниегон ва таҷлили шоистаи иди Наврӯз, ки мақоми байналмиллалиро сазовор шуд, бонувони Бонки Эсхата либоси атласу адрасро ба бар карда, ба истиқболи Наврӯзи оламафрӯз омода ӽастанд. Бахшида ба мавзӯъи мазкур хостам андешаи якчанд аз бонувони пешсафи Эсхатаро шунида бошам.

       «Бо омад-омади бахори нозанин ва Наврузи аҷам, ки табиат аз хоби ноз бедор шуда, бо зебогии худ ба қалби инсон шодиву сурур ва илхоми тоза мебахшад, мо бонувони Бонки Эсхата атласу адрас ва чаканро ба бар карда, аз субхи содик бо табъи болидаву завқи идона ба кори худ шуруъ кардем». мегӯяд сардори Шуъбаи кор бо кормандони бонк Нодира Ӽалимова.

      Воқеъан ӽам атласу адрас, ки зебогиву рангубораш ба мисли рангубори гулхои баӽорӣ монандӣ доранд ба бонувони тоҷик бисер зебанда аст!

      «Либоси милли – рамзи миллати мост. Мо, занӽо бояд бо ифтихори баланд чунин либосро ба бар кунем! Хурсандиовар аст, ки солҳои охир таваҷҷӯҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва тарғибу ташвиқи либоси миллӣ байни занхо ва ҷавондухтарони мамлакат зиед ба назар мерасад. Ба ин васила қаблан эълон шудани «Соли рушди сайёӽӣ ва ӽунарӽои мардумӣ» ва барои солӽои 2019-2021 «Соли рушди деӽот, сайёӽӣ ва ӽунарӽои мардумӣ» ва дар доираи он таъмин кардани бонувони тоҷик бо ҷойҳои корӣ ва мусоидат барои рушди ӽунарӽои мардумӣ афзудааст» - иброз дошт Заррина Ғаниева, сардори Департаменти молия.

Одатан ба бар намудани либоси атласу адрас ба ҷашни Наврӯз хос аст. Маӽз дар ӽамин айёми зебоманзар бонуи тоҷик бештар либоси милли мепӯшад. Имрӯзӽо дар бозор намуди зиеди атласу адрасро дарёфт кардан мумкин аст, ки барои ӽама синну соли бонувон, аз гулдухтарони ҷавон то занӽои олиӽиммати солхӯрда, мувофиқ меояд.

       «Шахсан барои ман либоси аз атлас духташуда хеле писанд аст. Баӽорро бесаброна интизорӣ мекашам, то ки куртаи зебову шинамро ба бар намоям. Солӽо мераванд, лекин шавқи ман нисбат ба атлас боқӣ хоӽад монд. Ба фикрам, новобаста аз тарзи дӯхти либос, агар каме бошад ӽам як элементи атлас дар дизайни он дида шавад, аллакай либос намуди дигар мегирад. Имрӯзӽо тарроӽони моӽири тоҷик ӽунари назаррабои худро дар чорабиниӽои фарӽангӣ ба монанди «Фестивали атласу адраси тоҷик» ба намоиш мегузоранд, ки мо  - бонувонро барои пушидани либоси миллӣ ё либоси замонавии аз атласу адрас духташуда водор месозад» - мегуяд сардори шуъбаи оптимизатсияи ҷараёнӽо Заррина Солиева.

      Албатта дар ӽар давру замон зан мехохад хамеша зебову дилрабо бошад, либоси миллӣ ба ӽусну ҷамол ва малоӽати зан боз ӽам зебоӣ зам мекунад.

    «Бояд қайд кард, ки на фақат атласу адрас, балки чакан низ бо гулдӯзиаш писанди аксарият бонувон аст. Нақшу нигори қадимаи чакан ба манзараи табиати баӽорӣ шабоӽат дорад. Куртаи гулдору серранг ва куртаи чандон рангубордоданашуда, аммо диққатҷалбкунанда - ӽар ду тавсиф ба чакан таалуқ дорад. Бонувони мо вобаста ба услуби либоспушии худ метавонанд якеро интихоб намоянд. Боиси хушнудист, ки чакан ба рӯйхати мероси ҷаӽонии ЮНЕСКО пазируфта шуда, мақоми ҷаӽонӣ гирифтааст. Бонувон аз давлатӽои хориҷа ба либоси миллии мо шавқу ӽаваси баендоза доранд, куртаи атласу адрас, чакан, тоқиву пойфзоли миллиро харидорӣ намуда, ба бар мекунанд. Магар ин ифтихори миллати мо нест?» - иброз дошт Маъсуда Зиебоева, муовини сардори Идораи амалиетии бонк.

      Муаттара Ғафорова, сардори Департаменти ӽисоббаробаркунӣ ва хазинадори: «Атлас – матои шоӽӣ аст ва таърихи қадима дорад. Дар ёд дорам, вақте кӯдак будем хамрохи дугонахоям ба наварӯсон, ки хусусан куртаи заратлас мепушиданд, бо ӽавас менигаристем. Дар замони ӽозира низ гулдухтарони тоҷик дар базми арусии хеш куртаи атлас пушида, бо нозукиву латофат таъзими арӯсии худро ба наздикону пайвандони хеш ато мефармоянд.

     Мисраӽои шеъри пуршуӽрати Мирзо Турсунзода ба ёдам меояд, ки  воқеан ӽам ӽамин тавр аст:

Эй духтари нозанин қадрас

Зебанда Туро Либоси Атлас

       Дар навбати худ директори филиали ЧСК «Бонки Эсхата» дар ш.Ваӽдат  Наргис Назарова чунин иброз дошт: «Зан муӽити хешро зиннат мебахшад. Мо, ки дар арафаи ҷашни Наврузи аҷам қарор дорем, занону духтарони мо бо пушидани либоси миллӣ боз ӽам нозанину соӽибҷамол гаштанд. Либоси миллӣ ӽуснафзои бонувони Эсхата аст. Хулласи калом, айёми Наврӯзӣ, либоси миллӣ, насими фораму гулӽои баӽорӣ ва рангуборе атласи тоҷик дорад – баӽри табъи болида ва кайфияти хуш ӽатмат мусоидат мекунад. Бигзор сатӽи маданияту маърифат ва ӽисси зебопарастии халқи тоҷик доимо воло бошад»!

Дар ҷамъбасти андешаӽо бори дигар қайд кардани ӽастем, ки дар ӽақиқат либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ба мо аз аҷдодонамон ёдгор аст. Бигзор барои бонувони тоҷик дар ӽама солу замон атласу адрас ва чакан маӽбубтарин навъи либосӽо ба шумор равад ва онро на танӽо дар рузӽои иду тӯй, балки дар рӯзӽои муқаррарӣ низ ба бар намоянд. Аз фурсати қуллай истифода бурда Наврӯзи омадаистодаро ба ӽар як фарди Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, хоӽони файзу баракоти хонадон ва меӽру муӽаббати пайвандонатон ӽастем.

Наврӯзи ноз омад, гул ноз мекунад боз,

Бо ноз сураташро пардоз мекунад боз.

Бо шарми духтарона, бо лаҳни дилбарона,

Оҳанги ошиқона оғоз мекунад боз.

Шевотарин тарона, Ширинтарин Фасона,

Аз Шираи забонаш овоз мекунад боз.

Бо шавқи роз гуфтан, бо шеваи шукуфтан,

Чашмони ошиқонро ӯ боз мекунад боз.

Дар тан либоси атлас чун духтарони наврас,

Бо боли орзуҳо парвоз мекунад боз.

Эй мутрибон навозед, эй ошиқон бисозед,

Гул ноз мекунад боз, эъҷоз мекунад боз!


Возврат к списку

ба боло