Сифати хизматрасониро таҳлил кардем
20.02.2019

Сифати хизматрасониро таҳлил кардем

Дар маҷлисгохи калони сарбонки Бонки Эсхата бо иштироки роҳбарият, директорони филиалҳо ва сардорони департаментҳои Бонк маҷлиси навбатӣ гузаронида шуд, ки дар он масъалаӽо оид ба баланд бардоштани маданияти корпоративӣ, беӽтар намудани сифати хизматрасонӣ ва  ҷорикунонии хизматрасониҳои нав муҳокима карда шуда, мубодилаи афкору таҷрибаи корӣ байни роӽбарон низ ҷой дошт.

      Ниӽоят, филиалҳои Бонк дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Ваҳдат ва Бохтар (Бохтар 2), ки ҳамчун филиалҳои беҳтарин дар натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти соли 2018 дониста шуданд,  аз тарафи Раиси Раёсати бонк Акбар Назаров ба директорони филиалҳои беҳтарин – Шӯҳрат Орипов, Наргис Назарова ва Алишер Ашӯров Диплом ва вимпел ботантана супорида шуд.

      Раиси Раёсат Акбар Назаров дар баромади худ ба иштирокчиён барои фаъолияти самаранок ва мехнати софдилона изҳори сопос намуда, дар соли ҷашнӣ барои Бонки Эсхата, ки соли ҷорӣ 25 солагии хешро таҷлил менамояд муваффақият, пешравӣ ва пешниходи хизматрасонии баландсифатро таманно кард.


Возврат к списку

ба боло