«Тағиротҳо Бонкро ба инноватсионӣ ва технологӣ шудан кӯмак мекунад»
27.07.2018

«Тағиротҳо Бонкро ба инноватсионӣ ва технологӣ шудан кӯмак мекунад»

Бинобар маълумотҳои охирини ВАО маълум гардид, ки Бонки Эсхата якчанд марказҳои хизматрасонии бонкиашро махкам карда, 10% кормандонашро ихтисор кардааст. Оё дуруст аст?

- Махкам шудани нуқтаҳои хизматрасонӣ ва ихтисор кардани кормандон на ҳама вақт ҷиҳати манфӣ дорад. Баъзан ин қарор баҳри рушди фаъолият ва беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ равона карда мешавад. Бонки Эсхата мавқеи худро ҳамчун яке аз бонкҳои пешрафтаи кишвар бо мизоҷони миллионнафараи худ мутобиқ ба нақшаҳои стратегӣ нигоҳ медорад. Яке аз самтҳои дурнамои рушд ин пешбурди тичорати чакана ва корпоративӣ ҳамзамон усули иннноватсионии хизматрасонӣ маҳсуб меёбад.

Чунин хизматрасонӣ мисли Интернет-банкинг, қабул кардани интиқоли пулӣ ва корти бонкӣ дар низоми онлайн, пардохти ҳама гуна хизматрасонӣ тариқи терминалҳо, ки ба мизоҷон имконият медиҳад, то пулҳои худро бидуни омадан ба бонк идора кунанд.

Чунин тағирот ба рушди технологиву инноватсия, чорӣ кардани хизматрасониҳои муосир ба таврӣ автоматикӣ талаботи бонкро ба қувваи корӣ кам кард. Аз ин сабаб ва ҳамчунин бинобар осонкунии бизнес-ҷараёнҳо, роҳбарияти бонк ҳанӯз соли 2017 дар бораи махкам кардани марказҳои хизматрасонии бонкии сатҳи даромаднокиашон паст қарор қабул гардид.

Аз оғози соли 2018 10% кормандони Бонки Эсхата аз вазифаҳои худ озод карда шуданд. Дар муқоиса бо соли гузашта соли 2017 ин камшавӣ 14% ро ташкил дода буд. Ин нишондиҳанда ба шумораи кормандони ба кор қабул кардида баробар аст, ки  падидаи муқаррарӣ аст (14% ё 460 нафар ). Агар сабаби аввалро махкам шудани МХБ донем, сабаби дигар натиҷаи аттестатсия маҳсуб меёбад.

Бисёре аз ташкилотҳо аз ҷумла муассисаҳои молиявӣ чорабиниҳои кадрӣ мегузаронанд, ки барои баҳогузории сатҳи меҳнат, сифат ва имконияти ҳайати кормандон нисбат ба вазифаҳои пешгузошта таҳлил карда мешаванд.  Дар натиҷа, он қисмати кормандоне, ки ба талабот ҷавобгуй нашуданд аз вазифа озод карда мешаванд. Ин ҷараён қариб дар ҳамаи ташкилотҳои калон мавҷуд аст.

Боиси қайд аст, ки бо баробари ихтисори кормандон бонк чанд маротиба барои ишғоли ҷойҳои нави корӣ озмун эълон карда буд. Масалан аз оғози соли ҷорӣ наздик 90 нафар мутахассисон ба кор қабул карда шуданд. Ин маънои онро дорад, ки Бонки Эсхата рушди фаъолияти худро идома дода истодааст.

Дар ин радиф талабот ба мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ, мушовирон, ҳайати техникӣ ва кормандони самти тиҷорати чакана ва корпоративӣ баланд шуда истодааст.

 Имрӯзҳо Бонки Эсхата –ин менеҷменти босамар, ҳайати соҳибтахассус, ки дар қабул ва татбиқи ғоя ва пешниҳодҳои нав ҳамеша омода аст. Ин истифодаи усули иннговатсионӣ дар ҳалли ҳама вазифаҳо, касбият, диди ягона, дастаи сарҷамъ, боварии мизоҷон ва ҳамкорон мебошад. Ҳамаи тағироту навгониҳо дар Бонки Эсхата ин қадамҳои навбатӣ ба рушду пешрафт аст. Тағиротҳо Бонкро ба инноватсионӣ ва технологӣ шудан кӯмак мекунад

Соли ҷорӣ дар давраи нимсолаи якум Бонк нишондиҳандаҳои хуб дорад ин ҳама муваффақиятҳо ба туфайли дастгирии мизоҷону ҳамкорон маҳсуб меёбад. Ба мақсадҳои стратегии худ расида, Бонк ҳамқадами замона мебошад.


Возврат к списку

ба боло