Баъд аз рухсатии меӽнатӣ бе пул мондед?
25.07.2018

Баъд аз рухсатии меӽнатӣ бе пул мондед?

Барои он, ки пас аз тамом шудани рухсатии меӽнатӣ бо ӽамёни холи намонед, буҷаи худро дар вақти саршавии рухсатӣ ӽисобу китоб карда хароҷотӽоятонро ба нақша гиред.

1.     Як қисми маблағатонро гирифта монед

 

Буҷаи худро ба нақша гирифта, як қисми маблағро гирифта монед. Алалхусус хароҷотӽои хӯрока ва роӽкироро ӽисоб кунед. Агар шумо ӽар моӽ фоизи муайяни пулӽоятонро гирифта монед, пас метавонед барои истироӽат пул ҷамъ намоед – ин беӽтарин амал аст, ки шуморо аз бепулӣ эмин медорад!

 

2.     Ӽамаи ӽисобӽоро пешакӣ пардохт намоед

 

Аз пардохтӽои коммуналӣ, қарз ва дигар пардохтӽои моӽонаро то баромадан ба рухсатӣ ё сафар пешакӣ озод шавед. Агар тавонед то қадри имкон пардохти моӽи ояндаро низ пешаки ба назар гиред.

 

3.     Аз рӯи буҷа кор кунед

Дар вақти истироӽат берун аз нақша сарф кардани пул бисертар ба назар мерасад. Марӽилаи истироӽат, идӽо, зодрузи наздикон – мехохем сарфи калони пул кунем. Аммо пас аз истироӽат ӽаёт боз идома меёбад. Бинобар ин хароҷотӽои худро ба нақша гиред, хусусан агар ба ягон ҷо сафар кардани бошед: роӽкиро, иҷорапулӣ барои ҷои зист, таомхурӣ,  истироӽат ва ғайра.

4.     Оиди даромадӽои иловагӣ фикр кунед.

Агар нахоӽед, ки баъд аз мархилаи истироӽат пулро сарвакорона харҷ намоед, пас оиди даромади иловагӣ фикр кунед. Масалан, то омаданатон хона ё автомашинаро ба иҷора супоред, ё ин ки либосу лавозимотӽои нодаркораро бо истифода аз сомонаӽои харидуфурушӣ ба фуруш гузоред. Инчунин шумо метавонед аз истеъдоду қобилияту худ истифода баред. Масалан барои пухтани торту кулчақандӽои боллазат фармоиш гиред.

5. То гирифтани маош аз кӣ қарз гирам?

Қарзро метавонед аз наздикону дӯстони худ гиред. Аммо агар шумо сохиби корти бонки бо овердрафти «Эсхата экспресс» бошед, пас метавонед бе илтимос кардани наздикон аз маблағӽои овердрафт истифода намоед.

Муфассалтар 808


Возврат к списку

ба боло