Дастур барои сайёӽон: “Ӽангоми сафар ба хориҷа муомилоти пулиро чӣ гуна бояд ба роӽ монд?”
06.07.2018

Дастур барои сайёӽон: “Ӽангоми сафар ба хориҷа муомилоти пулиро чӣ гуна бояд ба роӽ монд?”

Мавсими рухсатии меӽнатӣ ва таътили тобистона дар авҷ аст. Аксарият ба давлатӽои хориҷа сафар менамоянд, аммо қабл аз сафар кардан дар наздашон саволхои бисере пайдо мешаванд: «Ӽамроӽи худ пули нақд гирам ё дар корти бонкӣ? Чи гуна бояд пулӽои накдро дар хориҷа ӽифз намоям? Чи гуна пулӽои дар корт бударо ӽифз карда метавонам ва ғайра?

 

Сараввал бояд қайд намоем, пеш аз сафар ба кишварӽои хориҷа бояд қурби асъори маӽаллиро аниқ намоем, фаӽмем,  ки аз куҷо метавонем онро дастрас кунем. Ё ин, ки ӽамроӽи худ асъори доллар ё евро гирифта, баъд дар ҷояш ба асъори миллии кишвари хориҷаи интихобкардаамон иваз кунем, албатта агар асъори хориҷаро дар он ҷо қабул намоянд.

 

Хубтар мешавад, агар қисми пулӽоро нақд ва қисми дуюмашро дар корт нигоӽ доред. Зеро пулӽои нақд барои харидорӣ намудани майда-чуйда лозим мешавад. Пулӽои дар кортбуда бошад яклухт ва бе хавфи талафот дар дасти шумо мемонад.

 

Муӽимаш, оиди фаъол будани пардохти ғайринақдӣ дар давлати хориҷа бовари ӽосил кунед. Инчунин аз мавҷуд будани Постерминалӽои пардохтӣ дарак кунед.

 Барои ӽифз кардани пулӽои нақд дар давлати хориҷа, аз рӯи қоидаӽои зерини оддӣ амал намоед:

 

-Аз дар як ҷо нигоӽ доштани ӽамаи пулӽо худдорӣ намоед. Ӽамин тавр шумо метавонед дар ӽолати гум кардани пулӽо аз бепулии комилан эмин бошед.

- Ба кисса ва ӽамёни худ диққати ҷиддӣ зоӽир намоед. Ӽамён ва пулӽоро ба киссаи дарун ё ҷузгир гузоред.

- Кушиш кунед, то ки ӽангоми пардохт кардан банди калони пулро аз кисса набароред, то ки атрофиен набинанд. Шарт нест, ки беӽбудии молиявиатонро ба ӽамагон намоиш диӽед.

- Аз сандуқи оӽанин ё ин ки сейфи ӽуҷраи худ дар меӽмонхона истифода баред. Пулӽоятонро дар он ҷо гузоред, танӽо маблағи бароятон даркориро ӽамроӽатон баред.

 

Барои ӽифз кардани пулӽои дар кортбуда бошад, қоидаӽои зеромадаро риоя кардан лозим аст:

- Бонки худро оиди сафар огоӽ намоед. Бонк дар ӽолати гум кардани корт бароятон  дастур медиӽад.

- Ӽатман бо бонк чи гуна зуд дар тамос шуданро бифаӽмед. Масалан рақами NGN-и Бонки Эсхата 44 600 0 600 мебошад.

-Барои саёӽат корти алоӽида харед беӽтар аст, то ки корти худро тариқи Интернет бонк пурра карда тавонед.

-Ба СМС-хизматрасонии бонк ва роуминг пайваст шавед ва шумо метавонед бе ягон душворӣ корти худро муӽосира карда, тавозуни хешро бо истифода аз хизматрасонии СМС тафтиш намоед.

 

Бароятон истироӽати бофароғатро таманно дорем! Пулӽоятонро эӽтиет кунед!


Возврат к списку

ба боло