Анчоми бомувафакияти мархилаи якум – зиёдшавии микдори мизочони каноатманд!
09.06.2018

Анчоми бомувафакияти мархилаи якум – зиёдшавии микдори мизочони каноатманд!

Мархилаи якуми «Барномаи маблағгузорӣ барои тобоварӣ ба тағйироти иқлим дар Тоҷикистон» КЛИМАДАПТ бомуваффаккият ба анчом расид. Барои тахияи 100% сандуки карзии зиёда аз 24 млн. сомони, кормандони фаъоли Бонки Эсхата, аз чумла, Аличон Сулейманов – хамохангсози лоиҳа дар Бонки Эсхата, директори филиали Бонки Эсхата дар вилояти Восеъ - Шуҳрат Усмонов ва дигар коршиносони қарздиҳӣ бо Шаходатномахои хотирави сарфароз гардонида шудаанд. Шаходатномахо аз тарафи сарвар ва ҳамоҳангсози лоиҳа Қайрат Шалабай, Фаррух Қосимов ва Шуҳрат Комилов супорида шуданд.
Байни бонкхои шарик, Бонки Эсхата аввалин шуда пешниходи карзро ба мизочон ичро намуд. Шумораи мизочоне, ки карзхои КЛИМАДАПТ – ро дастрас намуданд, ба 400 баробар мебошад.
Хотиррасон менамоем, ки КЛИМАДАПТ ин барномаи маблағгузорӣ барои тобоварӣ ба тағйироти иқлим дар Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва Хазинаҳои сармоягузории иқлим (ХСИ) ба роҳ монда шудааст. Воситаи мазкур барои сармоягузорӣ ба технологияҳои мавҷуда ва озмоишӣ, ки тавассути таъмингарон ва насбгарони тавсияшуда метавонанд дастрас гарданд ва барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи об ва энергия, инчунин паст кардани бодлесшавии (эрозияи) хок равона шудаанд, пешкаш шудаанд. 
Бонки Эсхата махсулоти карзиии КЛИМАДАПТ - ро аз соли 2016 инчониб бомуваффакият ба мизочонаш пешниход менамояд. 
Агар шумо ба қарздиҳии CLIMADAPT хавасманд бошед, пас занг занед: 808
Муфассалтар оиди лоихаи КЛИМАДПАТ: http://eskhata.com/tj/individuals/lending/lending_types/#product-1960 


Возврат к списку

ба боло